Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Идоракунӣ дар соҳаи корҳои дохилӣ: нақши Президент дар он

82Идоракунӣ - ин раванди таъсиррасонии доимӣ ва максадноки субъекти идоракунӣ ба объект мебошад. «Идора кардан» – яъне «самт додан, роҳбарӣ кардан» (оид ба чизе ғамхорӣ зоҳир намудан, дар асоси супориш ягон чиро иҷро намудан, иҷро кардан ва фармоиш кардан) мебошад.
Зери мафҳуми умумии идоракунӣ таъсиррасонии максадноки субъекти идоракуниро ба объектони идоракунӣ бо максади ташкил намудани системаи самарабахши амалкунанда, дар асоси алоқаҳои иттилоотӣ ва муносибатҳо мефаҳманд.
Дар илми идоракунӣ як намуди идоракуниеро фарқ мекунанд, ки идоракунии иҷтимоӣ (идоракунии равандҳои ҷамъиятӣ, одамон ва ташкилотҳо) ногузорӣ шудааст.
Идоракунии иҷтимоӣ, идоракунӣ дар соҳаи фаъолияти ҷамъиятӣ; идоракунии муносибатҳои ҷамъиятӣ, равандҳо дар ҷамъият, рафтори одамон, идоракунии коллективҳо, ташкилотҳо, ки дар онҳо одамон фаъолияти меҳнатӣ ё ин ки хизматиро баамал мебароранд, фаҳмида мешавад.
Мавҷудияти идоракунӣ хатмӣ мебошад, бахусус, барои системаи иҷтимоӣ, ки дар он ду иштирокчии идоракунӣ фарқ карда мешавад - субъект ва объект бо алоқаҳои бевосита ва баръакси байни онҳо.
Яке аз намуди идоракунии иҷтимоӣ, идоракунии давлатӣ мебошад Аз нуқтаи назари ташкилӣ, идоракунии давлатӣ – ин таъсиррасонии ҳокимиятии батартибдарории субъекти идоракунӣ (давлат ва мақомотҳои махсуси он ё ин ки шахсони мансабдор) ба объекти идоракунӣ (ҷамъият, шаҳрвандон ва ғайра) мебошад. Аниқтараш – ин фаъолияти ташкилии мақсаднок, зерқонунӣ, ҳокимиятӣ-идоракунӣ ва батанзимдарорандаи системаи мақомотҳои давлатии ҳокимияти иҷроия, ки функсияҳои идоракунии давлатиро (дар асоси функсияҳои худи давлат) дар асос ва баҳри иҷроиши қонунҳо дар соҳа ва муҳитҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, иқтисодӣ (хоҷагидорӣ) ва сохтумони маъмурӣ-сиёсӣ ба амал мебароранд.
Истилоҳи «Корҳои дохилӣ» яке аз соҳаҳои фаъолияти давлат фаҳмида мешавад. Соҳаи корҳои дохилии давлат самти васеи муносибатҳои ҷамъиятиро танзим менамояд. Ӯ дар худ як қатор гуруҳҳои мураккаб ва махсуси муносибатҳои ҷамъиятиро дар бар мегирад, ки тибқи қонунгузории амалкунанда ба ӯ вогузор карда шудаанд.
Идоракунии корҳои дохилӣ, ба монанди дигар соҳаҳои идоракунии давлат ташкили мақсадноки фаъолиятро дар бар мегирад. Идоракунӣ мавҷуд будани субъектҳо ва объектҳои идоракунӣ ва алоқамандии зичи байни онҳоро дар бар мегирад.
Субъектони идоракунӣ дар соҳаи корҳои дохилӣ мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдоре, ки дорои салоҳияти муайян мебошанд ба ҳисоб мераванд.
Ба ҳайси объектҳои идоракунӣ дар соҳаи корҳои дохилӣ шаҳрвандон, гуруҳҳо, колективҳои одамон, мақомоти давлатӣ ва хизматчиёни онҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони онҳо баромад мекунанд.
Салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи корҳои дохилӣ аз маҷмӯи ваколатҳои онҳо дар соҳаи мазкур иборат мебошад.
Мақомоти ҳокимияти иҷроия роҳбарии умумиро дар соҳаи корҳои дохилӣ амалӣ мегардонад. Ин мақомот асосан муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати давлат дар соҳаи корҳои дохилӣ баромад менамояд.
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъминоти ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳаи корҳои дохилӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ оид ба масъалаҳои вобаста ба соҳаи корҳои дохилӣ, фармонҳо ба тасвиб мерасонад; дар ҳолат ва тартиби муқаррарнамудаи Конститутсияи Ҷумҳуриии Тоҷикистон, ва қонуни Конститсионии ҶТ «Дар бораи низоми вазъияти фавқулода», дар саросари ҷумҳурӣ ва ё дар маҳаллаҳои алоҳидаи он вазъияти фақулодда эълон намуда, фармонро фавран ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд ва ба Созмони миллали муттаҳид хабар медиҳад; бо рутбаҳои олии ҳарбӣ ва унвонҳои махсус сарфароз мегардонад; Вазири корҳои дохилиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд; инчунин дигар чораҳоеро, ки барои мустаҳкам намудани тартиботи ҳуқуқӣ ва амнияти ҷамъиятӣ нигаронида шудаанд меандешад; тибқи Конститутсияи Ҷумҳуриии Тоҷикистон ваколатҳои дигареро, ки ба салоҳияти ӯ дохил мегардад, амалӣ менамояд.
Ҳамин тавр, дар Паёми навбатӣ ба Маҷлисии Олии кишвар, «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 23 декабри соли 2022 баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз салоҳиятҳои худ истифода намуда, суханронӣ намуда, қайд карданд, ки бо заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.
Дар баробари самтҳои гуногуни сиёсати давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бо терроризм ва экстремизм ҳамчун яке аз хатарҳои глобалии ҷаҳони муосир истода қайд намуданд, ки «Имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд».
Бо мақсади муқовимат нишон додан ба ин гурӯҳҳо ва дастгирӣ намудани мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба хусус мақомоти корҳои дохилӣ дар ин раванд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад.
Дар вобастагӣ ба ин супориш дода шуд, ки Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ, дар ҳамбастагӣ бо дигар сохторҳои давлатӣ масъалаи таъсиси маркази зикршударо омӯхта, пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати мамлакат манзур намоянд.
Шарифзода С.Ш., муовини сардори факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...