Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҷрибаи миллӣ ва ҷаҳонии таъмини амнияти иттилоотӣ дар самти мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм

81Яке аз самтҳои муҳими он ворид намудани технологияҳои нав, пайвастшавӣ ба шабакаи глобалии Интернет мебошад, ки дар барои ҳар як давлати мустақил амалисозии барномаҳои таъмини амнияти иттилоотиро тақозо менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии худ чун кишвари соҳибистиқлол ва ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти мубориза бо тамоми зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ, ҷанги иттилоотӣ ва дигар чолишҳову таҳдидҳои хатарзо пайваста ибтикороти назаррас нишон медиҳад. Натиҷаи ташаббусҳои байналмилалии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Тоҷикистон аст, ки пойтахти кишвари мо тайи солҳои охир тадриҷан ба яке аз майдонҳои мусоиди сиёсӣ барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва радикализм дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Мусаллам аст, ки имрӯз ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ва гурӯҳҳову ҷонибҳои манфиатхоҳ барои амалӣ намудани аҳдофи хеш дар радифи силоҳу лавозимоти ҷангӣ аз иттилоот ва расонаҳои иттилоотӣ, бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври густурда истифода мекунанд. Албатта, дар асри нав, ки онро асри иттилоот унвон кардаанд, таъсири иттилоот ва расонаҳои иттилоърасон бисёр амиқ ва нишонрас гардидааст. Зеро, имрӯз бо рушди фаъоли Интернет шабакаҳои иҷтимоӣ таъсири худро дар тафаккури ҷомеа хеле амиқ мегузоранд. Ҳатто расонаҳои иттилоърасон ба майдони мубоҳисаҳои сиёсӣ низ табдил ёфтаанд. Аз ин нуқтаи назар, таъмини амнияти иттилоотӣ дар замони муосир ба унсури асосии таъмини амнияти миллӣ табдил ёфтааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хавфу хатарҳои низоми сиёсии олам ишораи саривақтӣ намуда, қайд карданд, ки: «Терроризму экстремизм, қоҷоқи силоҳ, гардиши ғайриқонии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем». Чунин таваҷҷуҳи хос ба масъалаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар шароити мураккаб гардидаии вазъи ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки роҳу воситаҳои ҳифз ва татбиқи манфиатҳои миллӣ дар шароити низоми нави ҷаҳонӣ дуруст муайян гарданд.
Кибертерроризм усулест, ки миёни давлатҳо аз муборизаи тиру туфанг ва яроқҳои ҳастаӣ дида садҳо маротиб болост ва ин навъ муҳориба ба воситаи иттилоот, яъне ҷанги иттилоотӣ сурат гирифта, бе талафоти ҷонӣ анҷом дода мешавад. Дигар ин ки, сухани хабарнигор дар ҳолати ҷангу нооромиҳо метавонад чун даво ба дарди ҷомеа бошад ва боиси ором шудани вазъият гардад. Аз ҷониби дигар метавонад сабаби нооромиҳо шавад, ҷонибҳои мухолифро бо ҳам шӯронад ва ба нооромӣ даъват намояд. Дар чунин вазъият он метавонад боиси авҷ гирифтани инқилобу нооромиҳо ва кушта шудани ҳазорон шахси бегуноҳ гардад.
Ҳамин тавр, ташкилотҳои гуногуне, ки манфиатҳои акторҳои сиёсати ҷаҳонӣ - давлат ва корпоратсияҳои трансмиллиро ҳимоя намуда, дар шароити компютеркунонӣ ва иттилоотикунонӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолият доранд, ҳамеша дар ҳолати омодагӣ мебошанд. Онҳо барои муайян, баробар ва ба гуруҳҳо ҷудо кардани объектҳои лозимие, ки сирри махфию номахфӣ, иттилоотии пурарзиши илмию техникиро дар бар доранд ва инчунин барои ташкили манбаъҳои махсуси локалӣ ва махзанҳои маълумот кӯшиш ба харҷ менамоянд.Чунин ҳолат баъзан метавонад иғвоҳои ташвишовар ва сипас ҳисси бадбиниро ба вуҷуд биоварад, ки дар натиҷа роҳҳои нави аксуламал ба вуҷуд меоянд. Ба ибораи дигар, иттилоотонӣ на танҳо рушду инкишофи босуръати тамаддунро метезонад, балки барои амнияти миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ таҳдидҳои нави замонавиро низ ба миён меоварад. Ҳарчанд ташкилотҳои террористӣ имрӯз нисбат ба институтҳои давлатӣ дар масъалаи амалисозии инноватсияи техникӣ кӯшиш дошта бошанд ҳам, лекин дар раванди гузаронидани амалиётҳои тарҳрезишуда, боз афзалиятҳои дигаре доранд. Онҳо барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ аз воситаҳои техникие истифода менамоянд, ки фурӯши озод доранд ва ҳамчун объекти инфраструктураи иттилоотии давлатӣ мавриди истифода қарор доранд. Бо истифода аз ин, ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ тавассути технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ идеяҳои ғаразноки хешро паҳн менамоянд. Бештар воситаҳои мазкурро ташкилоти динӣ-экстремистии «Ҳизб-ут-таҳрир», “Толибон”, “Давлати исломӣ”, “Ҳизби наҳзат (Паймони миллӣ), “Гурӯҳҳи 24” ба таври хеле фаъол истифода мебарад. Ҳамин тавр, ин система на танҳо аз тарафи «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҷамоати Ансоруллоҳ» ва ҲИУ, балки аз тарафи дигар гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва ташкилотҳои экстремистии дар минтақаи Осиёи Марказӣ фаъолияткунанда, воситаҳои иттилоотӣ-коммуникатсиониро ба таври фаъол истифода мебаранд.
Бинобар ин, рушд ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи мубориза бо киберҷиноятҳо баҳри пешгирӣ намудани истифодабарии ғайримақсадноки воситаҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва ҳифз намудани ҳадафҳои кибертерроризм ва дигар ҷиноятҳое, ки бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ба роҳ монда мешаванд, зарурати воқеӣ дорад. Зеро дар фазои ягонаи иттилоотӣ, ҳимояи маълумот омили асосии муайянкунандаи системаи амнияти иттилоот ба шумор меравад. Ба туфайли технологияҳои муосир таъсиррасонии ҳадафноки иттилоотӣ аз диверсияҳо ва амалҳои алоҳидаи иттилоотии фиребоӣ ба воситаи комилан ташаккулёфтаи таъмини сиёсати байналхалқӣ табдил ёфта истодааст. Маълум аст, ки ҳар қадаре ки давлат дар соҳаи иттилоот имкониятҳои бештаре дошта бошад, ҳамон қадар метавонад бартариҳои стратегӣ ва ҳифзи амнияти манфиатҳои миллиро зиёдтар доро бошад.
Хулоса, таҷрибаи миллӣ ва ҷаҳонии таъмини амнияти иттилоотӣ тақозо менамояд, ки давлатҳои ҷаҳон ба таври муштарак бояд бар зидди таҳдид ва хатарҳои ҷаҳони муосир аз қабили терроризму экстремизм, кибертерроризм, паҳншавии маводи нашъадор, киберҷиноятҳо, ҷангҳои иттилоотӣ муқовимат намоянд.
Зокирзода Аминҷон Илҳомҷон, курсанти курси 5 гурӯҳи таълимии 503 факултети №2, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сержанти хурди милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...