Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастовардҳои муҳими кишвар дар 32 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

80Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Истиқлоли давлатиро арзишмандтарин дастоварди миллати фарҳангсолор ва кӯҳанбунёди тоҷик дар замони муосир шумурдаанд.
Дар ҳақиқат ҳам дастёбӣ ба ин неъмати волотарин, ки барои ҳар як халқу миллат азизу муътабар аст, як сарчашмаи бебаҳоест, ки тамоми равандҳои дигари ҳаёти ҷомеа ва давлату миллатҳоро муайян месозад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки 32 сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустаъқилият соҳиби рамзҳои давлатӣ - Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидаанд. Воқеан ҳам ин Истиқлол ба осонӣ ба даст оварда нашудааст. Аз ҷумла, миллати тоҷик ба шарофати ин дастовард, яъне расидан ба соҳибистиқлолӣ, дар зарфи 32 сол, таҳти сарварии хирадмандонаи Пешвои миллат ба комёбиҳои назаррасе ноил гардиданд, ки дар таърихи халқи мо назири худро надоранд.
Аввалан, дар харитаи сиёсии ҷаҳон пайдо шудани Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, ба узвияти комилҳуқуқии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудани он ва баромади нахустини роҳбари давлати тоҷикон - Пешвои миллат аз минбари ин созмон эълон карда шуд.
Дуюм, ба ҳайси Сарвари давлат интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба шарофати ин хотима додан ба ҷанги таҳвилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии ҳокимияти кониститутсионӣ ва тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмии халқ, таъмини фазои сулҳу оромии кишвар ва ба намунаи таҷрибаи нодир барои ҷаҳониён табдил додани сулҳи тоҷикон ба шумор меравад.
Сеюм, оғози бунёди давлати миллӣ дар даврони муосир ва ташаккул ёфтани мактаби давлатдории миллии Пешвои миллат, дар самти эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона эътироф гардида дар якҷояги ҳамаи он ба бунёди ҷомеаи адолатпарвар нигаронида шудаанд.
Чорум, муайян намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ, баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, таъмини амнияти энергетикӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ва ноил гардидан ба унсурҳои асосии ин ҳадафҳо.
Панҷум, эҳёи расму оин ва фарҳанги миллии тоҷикон, ба ҳайси забони давлатӣ эътибори воқеӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ, муаррифии мероси адабӣ, таърихӣ ва фарҳангии халқи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ, бузургдошти доимии чеҳраҳои мондагор ва фарзандони барӯманди миллат ва таърихи қадимаи миллати тоҷик дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ.
Шашум, ба Феҳристи Меросии фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО ворид намудани Саразм (соли 2010), Боғи миллии Тоҷикистон (соли 2013), ба Руйхати меросии фарҳанги ғайримоддии башарият шомил гардидани “Шашмақом” (соли 2008) Наврӯз (соли 2010), Оши Палав (соли 2016), ва “Чакан” (соли 2018), бо қарорҳои ЮНЕСКО арҷгузори намудани як қатор шахсиятҳои фарҳангии тоҷикон ва руйдодҳои таърихии миллат.
Ҳафтум, ба тамоми оилаҳои кишвар дастрас намудани китоби “Тоҷикон” - и Бобоҷон Ғафуров ва “Қуръон” бо тарҷума ба забони тоҷикӣ, ва соли бузургдошти Имоми Аъзам ва Ҳанафия ба ҳайси мазҳаби суннатии миллат, ки садди роҳи гардиши мардум ба мазҳабҳои бегона гардид.
Ҳаштум, ба куллӣ дигаргун сохтани симои пойтахти кишвар, сохтмони нақб, пул ва роҳҳои бузурги автомобилгарду роҳҳои оҳан дар саросари кишвар ва ба як давлати пешрафта дар ҷаҳон ва миёни собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравӣ табдил ёфтани Тоҷикистон аз ҷиҳати сифати роҳҳои автомобилгард.
Мутахасисони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисон, инчунин 15 дастоварди кишвари моро дар солҳои Истиқлоли давлатӣ бо овардани рақамҳои мушаххас номбар намудаанд, ки чунин мебошанд:
1. Бунёди нерӯгоҳҳои барқии хурду бузург дар кишвар, аз ҷумла Роғун дар даҳҳо нерӯгоҳҳои барқии дигар.
2. Дар тӯли 32 соли охир 60 маротиба зиёд гардидани маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. Тахминан 98 маротиба афзудани даромадҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 97 маротиба афзудани хароҷоти он дар солҳои соҳибистиқлолӣ.
4. Нисбат ба соли 1991 тақрибан 39 маротиба афзоиш ёфтани гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ, ки бо арзиши хориҷӣ ҳисоб шудааст.
5. Аз 358 корхонаи саноатӣ дар соли 1991 тахминан ба 2600 адад расонида шудани теъдоди онҳо то ба имрӯз.
6. Рушди бахши хусӯсӣ дар кишвар, ки ҳоло зиёда аз 70 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва қариб 80 % пардохтҳои андозии буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамин бахш ташаккул ёфта, қариб 70 % аҳоли аз лиҳози иқтисодӣ фаъол низ дар ин бахш машғули фаъолияти меҳнатӣ мебошанд.
7. Таҷдид гардидани 728 хоҷагии кишоварзии мавҷуда ва 31 адад ҳоҷагии инфиродӣ ва дар заминаи онҳо таъсис додани қариб 6 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ ё фермери ва қариб 162 ҳазор хоҷагӣ ҳамчун соҳибкори инфиродӣ, ки беш аз 90 фоизи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро таъмин мекунад.
8. Ба беш аз 200 ҳазор гектар расонида шудани майдони боғу токзори кишвар, ки нисбат ба соли 1991 қариб 2,5 маротиба зиёд мебошад.
9. Ҷудо гардидани 80 ҳазор гектар замин барои хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон тибқи ду фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар таъмини амнияти озуқавории сокинон ва давлат нақши арзанда дорад.
10. Дар зарфи се соли омодагӣ ба истиқболи 32-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидани зиёда аз 26 ҳазор иншооти хурду бузурги иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маишиву фарҳангӣ дар мамлакат аз ҷониби давлат ва шаҳрвандони саховатманду меҳанпараст.
11. Дастгирии илму маориф ва фарҳанг ҳамчун сармояи рушди давлат, бунёди зиёда аз 3100 иншооти соҳаи маориф бо зиёда аз 700 ҳазор ҷои нишаст, аз 13 адади соли 1991 бо шумораи умумии 80 ҳазор нафар донишҷу расонида шудани теъдоди муасиссаҳои таҳсилоти олии касбӣ.
12. Баланд бардоштани мақоми занон ва ҷавонон дар ҷомеа, ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ, афзудани миқдори онҳо дар тамоми самтҳои фаъолият.
13. Қариб то 500 адад афзудани теъдоди муасисаҳои тандурустии давлати, ки соли 1991 ҳамаги ба 374 адад мерасид ва то қариб 1750 адад расонидани бунгоҳҳои тиббӣ аз 1510 адади даврони ибтидоии соҳибистиқлолӣ.
14. 1,9 баробар кам гардидани нишондиҳандаи фавти модарон ва 2,8 баробар кам гардидани фавти кӯдакон.
15. Зиёда ба 10 ҳазор адад расидани теъдоди иншоотҳои варзишӣ, ки нисбат ба соли 1991 беш аз 9 маротиба зиёд мебошад.
Дар дунё чандин миллатҳои гуногуне вуҷуд доранд, ки дар орзуи миллату давлати соҳибистиқлол мебошанд, ки бо мақсади расидан ба ин ҳадаф арзу талоши зиёд менамоянд ва дар ин роҳ ҷони ҳазорон нафар фидо гаштааст, аммо онҳо ҳанӯз ҳам соҳиби давлати соҳибистиқлол нагардидаанд.
Раванди ба даст овардани Истиқлол дар ҷумҳуриҳои Осиёи миёна бе қурбониҳо ва душвориҳои сангин ба даст наомадааст, дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа нофаҳмиҳо ба вуҷуд омад, ки билохир ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонд. Хушбахтона, фараҳанги бузурги тоҷикона ғалаба кард ва дар тафаккури шаҳрвандон ҳисси ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдат, гузаштан аз гуноҳи якдигар ба умеди шукуфоии оянда боло гирифт. Сулҳу ваҳдат дар кишвар пойдор гардид. Маҳз ваҳдати миллӣ ва сулҳ нуқтаҳои калидие буданд ки истиқлолияти давлатиро таҳким бахшиданд ва роҳро барои бартараф намудани рушди иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии кишвар кушоданд. Инчунин сулҳ имкон дод, ки ихтилофҳо дар кишвар барҳам дода шуда, тамоми гурезаҳо ба ватан баргардонда шаванд ва як заминаи воқеӣ барои ҷомеаи бо амну босубот дар кишвар муҳайё карда шавад.
Мо бояд шукргузор аз он бошем, чунин ватани азизу маҳбуб, ободу зебо ва соҳибистиқлол дорем. Бояд ҳамагон ба талошу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва замину фазою ҳавои меҳану сарзамини хеш бирасем ва ҳама ҳамдилу яктан гашта дар ободонии ин диёри ҳамешасабз ва хурраму ободи нозанин заҳмат ба харҷ диҳем.
Одиназода А.А., муаллими кафедраи ташкили тактикаи Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуии факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия,
Абдуллозода С.Б., муаллими кафедраи ташкили тактикаи Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷуии факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...