Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҳфили илмӣ дар мавзӯи «Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва чорабиниҳои махсус»

163Яке аз воситаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва пайдо намудани малакаи касби корӣ ва тайёрии мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ ин кори илмӣ-тадқиқотии курсантон мебошад, ки барои дар амалия боз ҳам фаъол ва эҷодкорона татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ-техникӣ мусоидат мекунад. Вазифаи асосии кори илмӣ-тадқиқотии курсант ин инкишоф додани савияи дониш ва ташаккул ёфтани мафкураи илмии мутахассиси ояндаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.164
Дар асоси фасли 4 банди 3 нақшаи фаъолияти илми-тадқиқоти кафедраи «Фаъолияти оперативӣ- ҷустуҷӯӣ мақомоти корҳои дохилӣ факултети №4» ва фасли 4 банди 40 нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023, санаи 13.12.2023 бо иштироки роҳбарият ва устодони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин курсантони курсҳои 3-юм ва 4-ум дар маҷлисгоҳи факултет маҳфили илмӣ дар мавзӯи «Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва чорабиниҳои махсус» гузаронида шуд.
165Чорабиниро бо сухани ифттитоҳи муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба қисми таълим, н.и.т., полковники милитсия Юсуфзода А.Ю., ҳусни оғоз бахшид.
Баъдан муаллими кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ, лейтенанти милитсия Муродзода Ф.Ғ. дар мавзӯи «Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ ва чорабиниҳои махсус» баромад намуд.
Дар асоси нақша курсантон ба 2 гурӯҳ, яке бо номи Кофтуков (курсантон Арабзода Б., Каримов Ш., Ибодзода И., Абдуллоев А., Мамадқулова С., Ҷабборова М.,Холиқов М., Хушнудзода О., Холиқов А.)
ва дигаре Пинҳонкорон (Давронзода Б.,Қувватзода Ш., Султонзода М., Ализода А., Абдуҷабборов М., Ҷабборзорда О., Исфандиёрзода А., Фарҳодҷонзода Ғ., Шобадалова М., Шодмонзода Ш.) тақсим шуда, ба саволҳои гузошта шуда ҷавобҳои мушахас доданд, ки аз тарафи ҳакамон бо ба даст овардани 46 хол ҷои аввал насиби дастаи Пинҳонкорон гашта бо 42 хол ҷои дуюмро дастаи “Кофтуков” ишғол намуданд.
Иштирокчиёни беҳтарини маҳфили илмӣ курсантон курсанти курси 3, гурӯҳи 301, милитсияи қаторӣ Мамадқулова Сабрина ва курсанти курси 4, гурӯҳи 402, милитсияи қаторӣ Султонзода Масрур дониста шуданд. Дар рафти махфили илмӣ саҳнача дар бораи фаъолияти шӯъбаи корҳои дохилӣ аз тарафи иштирокчиёни махфили илмӣ намоиш дода шуд, ки курсантон бо як маҳорати баланд нақшҳоро иҷро карда, инчунин шеърҳо аз ашъори Ниҳонӣ қироат намуданд. Дар охир муовини сардори факултет маҳфили илмиро ҷамъбаст намуда ба ғолибони махфили илмӣ бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.
Ибрагимзода Ҷ.И. Муаллими калони кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ МКД, подполковники милитсия
Шарипова М.А. Сардори кабинети кафедраи ФОҶ МКД факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, прапоршики милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...