Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои қонун ва тартибот дар ҳазорсолаи сеюм

16015-уми декабри соли 2023 дар шаҳри Калининград Форуми XII-уми Балтикӣ дар мавзуи “Қонун ва тартибот дар ҳазорсолаи сеюм” (Закон и правопорядок в третьем тысячилетии) гузаронида шуд, ки ташкилкунандаи он Филиали Калинингради Донишгоҳи ВКД Россия дар ш. Санкт-Петербург буд. Дар кори Форум мутахассисон ва профессорону омӯзгорони муассисаҳои таълимии олии системаи ВКД аз Федератсияи Россия (Академияи идоракунии ВКД, Академияи ВКД дар ш. Волгоград, Донишкадаи ВКД дар ш. Орёл, Донишгоҳи ВКД дар С.Петербург, Академияҳои ВКД дар ш. Омск ва Нижний Новогород ва ғ.), Академияи ВКД Ҷумҳурии Беларуссия ширкат варзидаанд.162
Самтҳои асосии конференсия масъалаҳои назариявӣ ва амалии ҷамъият, ҳуқуқ ва давлат, воситаҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминологии мубориза бар зидди ҷиноякорӣ; масъалаҳои фаъолияти ҳифзтатбиқкунӣ; навовариҳо дар самти пешгирӣ, тафтиш ва ошкор намудани ҷиноятҳо; масъалаҳои актуалии тайёрии касбӣ ва гайра буданд, ки дар рафти конференсия баррасӣ шуда буданд.
Бо сухани ифтитоҳӣ сардори филиал, полковники политсия Горковенко Игор Александрович баромад намуд.
Дар кори форум дар шакли маҷозӣ (он-лайн) профессори кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва амнияти ҷамъиятии факултети № 6, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, полковники милитсия Сафарзода Ҳ.С. бо маъруза дар мавзуи “Моҳият ва мазмуни тадбирҳои умумӣ-иҷтимоӣ оид ба муқовимат ба экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои такмили онҳо” (Сущность и содержание общесоциальных мер противодействия экстремизму в Республике Таджикистан и перспективы их совершенствования). Пас аз анҷоми маъруза ба Ҳ.С. Сафарзода доир ба мафҳуми экстремизм ва фаъолияти экстремистӣ дар қонунгузории Тоҷикистон, инчунин масъалаҳои мубориза бар зидди дигар ҷиноятҳо, аз қабили қаллобии фосилавӣ саволҳо дода шуданд.
Дар хотимаи форум резолютсияи он қабул карда шуд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...