Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Низоми кредитии таҳсилот дар Академияи ВКД

139Ҷиҳати иҷрои банди 36, фасли 3, Нақшаи фаъолияти илмӣ - тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 аз ҷониби Шуъбаи таълими Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-юми ноябри соли 2023 мизи мудаввари академиявӣ дар мавзуи «Татбиқи низоми кредитии таҳсилот дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил ва баргузор гардид.140
Дар мизи мудаввари доиргашта сардор ва кормандони шуъбаи таълим, сардорони факултетҳо бо кормандони қисми таълимӣ, шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр ва кафедраҳои таълимгоҳ иштирок намуданд.
141Кори мизи мудавварро сардори шуъбаи таълим, полковники милитсия Саидзода Саидшоҳ Саид бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшид.
Дар чорабинии мазкур бо маърӯзаҳо шахсони зерин баромад намуданд:142
- Раҳимов Алишер Орзухуҷаевич – муовини директори Институти математикаи ба номи А. Ҷӯраеви Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои физика ва математика дар мавзуи “Хусусиятҳои низоми кредитии таҳсилот”;
- Аҳтамшозода Саид Муҳаммад Аҳтамшо – муовини сардори шуъбаи таълими Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия, дар мавзуи “Низоми кредитии таҳсил ва сифати таълим”.
143Дар рафти чорабинӣ сардори факултети №2 н.и.ҳ, полковники милитсия Мансурзода А.М., сардори кафедраи “Фанҳои ҳуқуқи гражданӣ”, подполковники милитсия Абдулаҳадзода А.А., сардори факултети №1, н.и.ҳ., полковники милитсия Саидзода З.А. ва муаллим-методисти қисми таълимии факултети №2, майори милитсия Раҳмонӣ И.И., дар доираи низоми кредитии таҳсилот дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фикру андешаҳои хешро иброз намуда, ҷиҳати боз ҳам тақвият додани ин низоми таҳсилот пешниҳодҳои мухталиф ироа намуданд.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...