Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намоиш-фурӯши китобҳо дар Академияи ВКД

428Ба ифтихори “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар саҳни ҳавлии бинои Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш-фурӯши китобҳои муассисаи нашриявии “Ирфон”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.429
Сардори шуъбаи маркетинг ва менеҷменти муассисаи мазкур Қурбонова Меҳрона ва корманди ҳамин шуъба Амон Собиров 57 номгуй китобҳои тозанашри нашриёти мазкурро ба намоиш гузоштанд.
Директори идораи нашриётии “Ирфон” номзади илмҳои педагогӣ Ғуломзода Қурбон бо Академияи ВКД робитаҳои хуби эҷодиро пайваста ривоҷу равнақ дода маҳсулоти тозанашри олимону шоирон ва мутахассисонро пешниҳоди кормандон ва шогирдони Академия мегардонад.
Дар ин рӯз низ тамоми китобҳои овардашуда аз ҷониби ҳайати шахсии Академияи ВКД харидорӣ карда шуданд.
Омӯзгорону курсантон ва шунавандагони муассисаи таълимӣ бо шавқу рағбати зиёд китобҳои дилхоҳашонро гирифтанд ва ба кормандони “Ирфон” изҳори сипоси хешро баён карданд.
Пешниҳод карда шуд, ки дар оянда на танҳо китобҳои тозанашр, балки инчунин маҳсули нашри китобҳои солҳои қаблӣ чоп карда низ оварда шавад.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...