Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳисоботи мавзуъҳои илмии Академияи ВКД дар Шурои ҳамоҳангсозии АМИТ

427Дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалигардонии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳлил ва баррасӣ намудани масъалаҳои муҳими ҷомеа ва пешниҳод намудани роҳҳои ҳалли онҳо 4 мавзуи илмии аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, амал менамоянд:
1. Проблемаҳои амалия ва назарияи модернизатсияи фаъолияти ҳимояи ҳуқуқ ва ҳифзи ҳуқуқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2021-2025) – роҳбари лоиҳа д.и.ҳ., дотсент Ф.Р. Шарифзода;
2. Хусусиятҳои пешгирӣ ва воситаҳои мубориза бо зуҳуроти ифротгароӣ ва тундгароӣ дар муҳити ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2023-2028) – роҳбари лоиҳа н.и.ҳ., дотсент А.М. Мансурзода;
3. Такмили фаъолияти маъмурӣ-ҳуқуқӣ ва ҷиноятӣ-ҳуқуқии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии зӯроварӣ дар оила (солҳои 2023-2028) – роҳбари лоиҳа н.и.ҳ., дотсент З.А. Саидзода;
4. Тарбияи ҳуқуқӣ ва фарҳанги сиёсии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шароити тағйирпазири ҷомеаи Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблемма ва стратегияи рушд (солҳои 2023-2028) – роҳбари лоиҳа н.и.п., дотсент А.Ш. Давлатшоева.
29-уми ноябри соли 2023 тибқи ҷадвали кории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Шурои ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, табиӣ, кишоварзӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳисоботи мавзӯи «Проблемаҳои амалия ва назарияи модернизатсияи фаъолияти ҳимояи ҳуқуқ ва ҳифзи ҳуқуқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2021-2025) – роҳбари лоиҳа д.и.ҳ., дотсент Ф.Р. Шарифзода» аз ҷониби муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.ҳ., дотсент Р.Р. Раҳмадҷонзода ба ҳайати комиссия пешниҳод карда шуд.
Дар рафти ҳисобот натиҷаи корҳои анҷомдодашудаи мавзуъи болозикр аз ҷониби комиссияи босалоҳият ва роҳбарияти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хуб баҳогузорӣ гардида, баҳри фаъолияти минбаъдаи мавзуъ таклифу пешниҳодҳо манзур карда шуданд.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...