Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тарбияи эстетикӣ ва маданияти пӯшидани либоси низомӣ

21

Дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ аз ҷониби роҳбарияти Академия ва сардорони воҳидҳои таълимӣ-низомӣ ба тарбияи зебопарастии курсантон, тарзи дурусти омода кардан ва пӯшидани либоси низомӣ тавҷҷӯҳи зиёд дода мешавад.
Тибқи супориши сардори Академия генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. дар байни курсантони воҳидҳои таълимӣ-низомӣ аз ҷониби афсарони ботаҷриба дарси амалии дуруст дӯхтан ва ҷойгир намудани аломатҳои фарқкунандаи ҳайати қатории мақомоти корҳои дохилӣ, дар асоси Датурамал оид ба тартиби пӯшидани либоси низомии кормандони сохтори ВКД, ки бо Фармони Вазорати корҳои дохилӣ таҳти №47 аз 01.02. с.2007 эълон шудааст, гузаронида шуд.
Курсантони Академия бо мароқи зиёд тарзи дуруст ҷойгир кардани аломатҳои фарқкунандаи ҳайати қатории мақомоти корҳои дохилиро аз худ намуда, бо роҳбарии афсарон ин амалҳоро мустақилона иҷро намуда, ба маданияти эстетикии пӯшидани либоси низомӣ аз наздик шинос шуданд.

22
Боиси тазаккур аст, ки мунтазам дар байни курсантон доир ба риояи талаботҳои оинномавӣ аз ҷониби қисми низомии Академия дарсҳои амалӣ ва дастурдиҳӣ гузаронида мешаванд, ки дар онҳо роҳбарияти ин муассисаи олии таълимӣ бевосита ширкат варзида, назорати доимӣ мебаранд.
Гузаронидани чунин чорабиниҳо дар тарбияи эстетикӣ ва интизоми хизматии курсантон нақши муҳим мебозанд.
Асламов Б,С,, Убайдуллоев Ш.Э. - омӯзгорони Академия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...