Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

653

20-уми феврали соли 2023 дар толори фарҳангии Академияи ВКД чорабинии ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

658

654 Дар чорабинии ҷашнӣ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, ҳайати шахсӣ ва меҳмонони ифтихорӣ - шоири халқии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода, Шамсиддин Шоҳин, Алимуҳаммад Муродӣ ва роҳбари намояндагии ташкилоти ҷамъиятии «Бародарони ҳамяроқ» Давлатов Сайдаҳмад Назирмадович ширкат намуданд. Модератори чорабинӣ н.и.педагогӣ, полковники милития Давлатшозода Азиза Ширинбек интихоб гардид.
Оид ба иқдомҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати таъсис ва пурқувватгардонии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ сухани ифтитоҳӣ намуда, ҳозиринро ба ба муносибати 30-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд.

657

655Сипас, профессори кафедраи ташкили идоракунии фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Назарзода Носир Ҷобир дар мавзӯи «Артиши миллӣ-зодаи даврони Истиқлолият» маърӯза намуд.
Курсани курси чоруми факултети №2,милитсияи қаторӣ Холиқов Бахтиёр Абдурауфович дар мавзӯи «Артиши миллӣ-кафили амнияти Тоҷикистон» маърӯза намуда, курсанити курси дуюми факултети №2, милитсияи қаторӣ Муродов Сино Мӯсоевич шеъри Ниҳонӣ «Артиши миллӣ»-ро ботантана қироат намуд. Роҳбари намояндагии ташкилоти ҷамъиятии «Бародарони ҳамяроқ» Давлатов Сайдаҳмад Назирмадович ба роҳбарияти Академия ва фаъолоне, ки дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон саҳм доранд мукофотҳо супорид.

660
Шоири халқии Тоҷикистон Алимуҳаммад Муродӣ аз ашъори худ шеърҳои ватандӯстона қироат намуд.

659

656


Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи консертии дастаи корманд-ҳаваскорони Академия аз ашъори шоири халқӣ Алимуҳаммад Муродӣ бар оҳангҳои сарояндагони маъруф Иззат Шарифӣ, Нуриддин Собиров баргузор гардид.
Чорабинии тантанавии ҷашниро сардори Академияи ВКД бо сухани хотимавӣ ҷамъбаст намуда, бори дигар ҳозиринро ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуд.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...