Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан

646Ватан ин ҳамон қаламравест, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо аҷдодони мо дар он сарзамин умр ба сар бурдаанд, бо як забон сухан гуфтаанд, шодию хурсандӣ, нолаю фиғон ва дарди дил кардаанд. Ватан – ин ҳамон сарзаминест, ки ниёгони мо ҳар як ваҷаб хоки онро муқаддас шуморида, барои ҳифзаш бо ғосибони аҷнабӣ, кишваркушоёни ҳарису зарпараст ҷангидаанд, хун рехтаанд, дар роҳи ҳифзу нангу номуси хеш шаҳид гардидаанд ва дар он қаламрави меҳрпарвар, ки имрӯз Тоҷикистон ном дорад, ба хоби абадӣ рафтаанд. Мо барои Модар-Ватанро ҳифзу нигаҳбонӣ кардан, бояд ҳар лаҳза, ҳар дақиқа, ҳар шабу рӯз омода бошем.
Cанаи 23-юми феврал дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистони маҳбубамон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Бояд шукрона аз Истиқлоли давлатӣ намуд, ки имрӯз афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки баланди масъулияти касбӣ вазифаҳои худро содиқона ба ҷо оварда, барои пешгирии ҳар амалу кирдоре, ки амният ва ҳаёти осоиштаи сокинони кишварро зери хатар мегузорад, омода мебошанд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Дар яке аз суханрониҳои худ Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба садоқати ин неруи тавоно ва сипари боэътимоди давлат қайд намуданд: «Аз оғози таъсисёбӣ то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба Ватан ва миллати худ, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит сохтааст».
Таърих шаҳодат медиҳад, ки то соли 1997 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се навъи асосӣ, Қӯшунҳои хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ ва Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ иборат буд. Дар натиҷаи ислоҳоти ҳарбӣ дар Артиши миллии Тоҷикистон, ки аз рӯзҳои бунёди Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардид, то имрӯз корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шуданд. Дар ин замина, Сарситод ба Ситоди генералӣ табдил ёфта, Қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ муттаҳид гардонида, дар сохтори бисёре аз қисмҳои низомӣ дигаргуниҳои зиёд ворид шуд ва аз ҳама муҳим, бо назардошти таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир навъи сеюми Қувваҳои Мусаллаҳ ё худ Қӯшунҳои зудамал дар ҳайати Артиши миллии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 ташкил шуда, аз сершумортарин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ аст. Қӯшунҳои хушкигард 70 дарсади шумораи умумии Артиши миллии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Дар ҳайати Қӯшунҳои хушкигард асосан ҷузъу томҳои низомии савораи тирандоз, танкӣ ва артиллерия фаъолият мекунанд. Ҳамасола қисмҳои низомии ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ дар гӯшаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мустақилона ва ё дар якҷоягӣ бо ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии мамлакат машқҳои васеи низомӣ доир намуда, омодагии ҷангии худро пайваста сайқал медиҳанд.
Қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоии ҷумҳурӣ аз нахустин навъи Қувваҳои Мусаллаҳ ба шумор рафта, он ҳамсолу ҳамқадами Артиши миллӣ мебошад. Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ бошад, соли 1994 ташкил ёфтааст. Дар натиҷаи ворид намудани ислоҳоти ҳарбӣ ва бо назардошти ҳадафу вазифаҳои ягона соли 2005 ин ду навъи Қувваҳои Мусаллаҳ муттаҳид гардонида, тибқи талаботи меъёрҳои моддаи 5-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», алҳол Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ номгузорӣ шудааст.
Ба андешаи мо, мақсад аз ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, пеш аз ҳама, таъмин намудани амният ва бехатарии миллӣ, таъсис додани қувваҳо ва қисмҳои ҳарбии зудамал, афзоиш додани теъдоди умумии хизматчиёни ҳарбӣ ба шумор меравад. Бояд зикр намуд, ки дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳарбӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали таъсисёбии Артиши миллӣ новобаста аз мавҷудияти мушкилот бо аксар давлатҳои ҷаҳонӣ, махсусан бо Федератсияи Россия ҳамкории дуҷониба дорад. Тоҷикистон шарики стратегии Федератсияи Россия маҳсуб меёбад ва аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ хизматчиёни ҳарбии мо дар макотиби олии Вазорати мудофиаи ин кишвар таълим мегиранд. Имрӯз дар макотиби гуногуни ҳарбии Россия беш аз 500 мутахассиси тоҷик дарс меомӯзанд.
Дар самти пешбурди ҳамкориҳо дар соҳаи ҳарбӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар давлатҳои гуногун, ба мисоли Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Ҳиндустон Британияи Кабир, Канада, Ҷумҳурии Федералии Олмон, Франсия ва Амрико таҳсили ҳарбиро идома дода истодаанд. Бо ҳамкории масъулини вобастаи низомии давлатҳои Франсия, Ҳиндустон, Британияи Кабир, Ҷумҳурии Федералии Олмон ва Амрико дар Донишкадаи ҳарбӣ ва литсейҳои ҳарбии ҳудуди кишвар курсҳои махсуси омӯзиши забонҳо ташкил ёфтаанд, ки мақсади асосии онҳо омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ ва низомиён мебошад.
Мустаҳкам намудани руҳияи низомии сарбозону афсарон, ҳифзи ормонҳои абадзиндаи ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти Ватан, ифтихори миллӣ шохаи асосӣ ва муҳими корҳои тарбиявӣ дар артиш маҳсуб меёбад. Таърихи қаҳрамонию шуҷоат, далерию матонати падарону бобоёни мо бар ҳар як хизматчии ҳарбӣ дарси ибрат аст ва ташаккули хусусияти миллӣ доштани артиш, муносибати халқ ба хизмати ҳарбӣ ва эҳтироми мардуми Тоҷикистон ба заҳмати ҳарбиён таъсири нек мерасонад.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон нисбат ба неруҳои ҳарбии ҳамаи кишварҳои ҳамсоя таҷрибадортар аст, чун як ҷанги шаҳрвандии ҳудудан панҷсоларо (1992-1997) ҳам пушти сар гузошт. Замоне, ки бо мухолифони мусаллаҳ меҷангид, басо таҷрибаҳои ҷангиро низ омӯхт ва имрӯз онро такмил медиҳад. Дар замони муосир қувваи асосие, ки ба амнияти минтақавию ҷаҳонӣ таҳдид мекунад, ин терроризми байналмилалӣ ва экстремизми сиёсӣ аст. Аз ин рӯ, ҳадафи асосии бунёди Қӯшунҳои зудамал ин ҷорӣ намудани усулҳои нави омодагӣ бар зидди неруҳои ба амнияти ҷаҳон таҳдидкунанда ва дар маҷмӯъ қобили ҷангу ҳарб намудани ҳама Қувваҳои Мусаллаҳ аст.
Хушбахтона, имрӯз новобаста аз вазъи ноороми минтақа ва ҷаҳон Артиши миллии мо фаъолияти худро дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, таъмини суботу амният, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ва дар маҷмӯъ, таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат тақвият бахшида, ҳар як корманди ин сохтору мақомот вазифаҳои хизматиашонро бо масъулияти баланд ва содиқона ба анҷом мерасонанд. Дар ин самт нақши Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа, ки бо Фармони Президенти мамлакат аз моҳи сентябри соли 2003 бунёд ёфтааст, хеле калон аст.
Бунёди ин навъи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар доираи навсозӣ ва бе зиёд намудани шумораи ҳайати умумии Артиши миллии Тоҷикистон сурат гирифт. Ба ҳайати он ҳама қисмҳои низомии десантӣ, тирандозони кӯҳӣ, қисмҳои таъиноти махсус, Полки муҳандисӣ – сапёрӣ ва як қатор ҷузъу томҳои дигар шомил гаштанд. Айни ҳол ҷузъу томҳои Бригадаи десантӣ – зарбавии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа ба Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва се баталёни он ба неруҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ шомил мебошанд.
Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари асосии сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошанд. Дар ин раванд, барои насли ҷавони Ватани азизамон муҳимтарин мактаби обутоб ин хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз, хизмати ҳарбӣ барои ҳаёти ҳар як ҷавонписар мактаби омӯзиши шуҷоату мардонагӣ буда, заминаи азхуд намудани арзишҳои муқаддастарини ҳаёт, меҳвари густаришдиҳандаи эҳтироми Ватан ва ватандорӣ, омили содиқона муҳофизат кардани марзу буми Тоҷикистони биҳиштосоямон ба шумор меравад. Ин аст, ки тарбияи ватанпарастӣ аз оила, кӯдакистон ва мактаб оғоз шуда, дар ҷомеа, ниҳоят дар сафи Артиши миллӣ ҳаматарафа ташаккул меёбад.
Афсарону сарбозони шуҷои мо пайваста дарк менамоянд, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва ҳаргиз фаромӯш накунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бар ивази ҷони садҳо нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст.Воқеан, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар баъзе манотиқи кишвари маҳбубамон баҳри фурӯ нишонидани ошӯбҳои исёнгароёнаи хоинону душманони миллати тоҷик бо гузаронидани даҳҳо амалиёти махсус садоқат ва матонати худро ба Ватани азизамон борҳо собит кардааст.
Барои таъмини шароити хуби адои хизмати ҳарбӣ, имрӯз яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҳукумати Тоҷикистон - беҳтар кардани шароити хизмат, зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ буда, ҳамасола дар доираи ислоҳоти соҳаи ҳарбӣ музди меҳнат ва маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ мунтазам зиёд шуда истодааст.Маҳз, бо дастгирӣ ва ғамхории Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он артише, ки дорои техникаву таҷҳизоти номукаммал буд, имрӯз ба як артиши тавоно ва замонавӣ табдил дода шуд, ки соҳиби техникаи ҳарбии пурқувват, биноҳои маъмурии замонавӣ, таълимгоҳҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир, машқгоҳҳо ва мутахассисони соҳибдониши ҳарбӣ мебошад.
Ҳамзамон, давоми солҳои охир бо манзили истиқоматӣ таъмин шудани оилаҳои як қатор хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, сохтмони шаҳракҳои гуногун барои низомиён ва дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ба нақша гирифта шудани бунёди зиёда аз 300 биною иншоот ва инфрасохтори таъиноти гуногуни соҳаи ҳарбӣ шаҳодат аз дастгириву ғамхориҳои ҳукумати мамлакат мебошад.
Мо - мардуми шарафманди Тоҷикистон бояд дарк намоем, ки соҳиби Артиши миллии ҳифзкунандаи марзу буми кишвари азизамон ҳастем ва ҳаёти осоиштаи халқи маҳбубамон, маҳз аз самараи хизмати софдилонаи ҳар як ҳизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд. Ҷавонони имрӯза бояд ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии онро чун вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ ва қарзи ҷонию имонии худ бидонанд.
Содиқ будан ба Савганди ҳарбӣ танҳо барои ноил гаштани чунин мақсадҳо бояд равона бошад:
- хизмати Ватан - Модар, ҳимояи марзу буми кишварро чун рисолати азалии ҷавонмардона доштан;
- дар қалби худ самимона ҷой намудани ҷавонмардӣ, нангу номуси миллатдорӣ, шуҷоат ва далерӣ;
- пос доштани азму талош ҷиҳати таъмини амнияти Ватани хеш аз истилогарони дохилӣ ва берунӣ;
- дар заминаи таъмини бехатарӣ ва амнияти давлат, ҳимояи марзу бум ва сулҳу суботи кишвар хизмати ҳарбиро чун мояи шараф, рисолати мардонагӣ ва ифтихори ватандорӣ донистан.
Дар ин росто, ба тамоми хизматчиёни ҳарбии шуҷоатманди кишвари соҳибистиқлоламон, ба он нафароне, ки баҳри амнияти Тоҷикистони азизамон бо ҷонфидоӣ адои хизмати ҳарбӣ менамоянд, ба он ҷавонмардоне, ки мехоҳанд, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон минбаъд софдилона хизмат намоянд, аз суханҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаниям:
«Шубҳае нест, ки тамоми хизматчиёни ҳарбии мамлакат, аз генерал то сарбози қаторӣ минбаъд низ вазифаи муқаддаси худро дар ҳифзи амнияти давлат ва таъмини сулҳу субот, зиндагии осоиштаи мардум ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи байналмилалии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамаи неру ва донишу малакаи худро сарф менамоянд ва ба халқу Ватани худ чун фарзандони бонангу номус содиқонаву софдилона хизмат мекунанд». Биноан, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамчун ватандӯстони асил малакаю маҳорати касбии худро дар сатҳи баланд нигоҳ дошта, дар ҳифз намудани манфиатҳои халқу давлатамон, пойдории сулҳу субот, ба амал баровардани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи Истиқлол ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Сатторзода А.С., Холзода К.А., Абдулҳамидзода А.Д. - омӯзгорони кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулоддаи факултети №5, Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...