Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Назорати раванди таҷрибаомӯзии курсантон дар ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ

645Дар асоси фармоиши сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф. Р., як гурӯҳ омӯзгорон бо мақсади мушоҳидаи рафти таҷрибаомӯзии курсантон дар ШВКД шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафарбар карда шуданд.
Ҳайати гурӯҳ аз омӯзгорон полковники милитсия Сатторзода Баҳрулло, подполковники милитсия Нуриддинзода Суфӣ Нуриддин ва майори милитсия Раҳимзода Дилшод Маҷид иборат буд.
Онҳо раванди таҷрибаомӯзии курсантонро дар ШВКД шаҳри Норак, шаҳри Кулоб, ноҳияҳои Данғара, Фархор, Ҳамадонӣ, Восеъ, Ховалинг ва Ш.Шоҳин санҷида баромаданд. Аз ҷониби мушоҳидачиён дар ҳар як ШВКД бо курсантон вохӯрӣ гузаронида шуда, талаботи роҳбарияти Академия ҷиҳати риояи интизоми хизматӣ, иштироки фаъолона дар таҷрибаомӯзӣ ва тайёрӣ барои супоридани имтиҳонҳои хатм фаҳмонида дода шуд.
Роҳбарияти ШВКД дар шаҳру ноҳияҳои зикршуда ҷиҳати ҳамкории якҷоя оид ба назорати раванди таҷрибаомӯзии курсантон миннатдории худро ба роҳбарият ва ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД изҳор намуда, дар навбати худ иброз доштанд, ки мо дар якҷоягӣ ҷиҳати алоқаманд намудани донишҳои назариявии курсантон ба фаъолияти амалӣ мусоидат намуда, баҳри ба воя расонидани онҳо ҳамчун кормандони ояндаи босалоҳияти мақомоти корҳои дохилӣ ҷидду ҷаҳд менамоем.
Нуриддинзода С.Н., подполковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...