Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Инкишофи соҳаи тандурустӣ дар партави Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ

635

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ин ҳифзи саломатии шаҳрвандон маҳсуб меёбад. Дар соҳаи тандурустии кишвар ислоҳоти соҳаи тиб ҷараён дорад.

Ислоҳоти соҳаи тандурустиро шартан метавон ба 4 марҳала тақсим кард. Марҳалаи аввал солҳои 1993-1997-ро дар бар мегирад ва аз марҳалаҳои душвортарин маҳсуб меёбад, ки кумакҳои фаврии давлат барои дарёфти доруворӣ, ваксинаҳо ва дигар васоити бандубастӣ дар ҳалли бисёр масоили мубрами тандурустӣ нақши муҳим доштанд.
Марҳалаи дуюми ислоҳоти соҳа солҳои 1997-1999 маҳсуб меёбад, ки дар ин давра дигаргунсозиҳои соҳа дар вазъияти нисбатан ором идома ёфтанд. Дар ин марҳала вазорат барои таҳияи дурнамои муайянкунандаи рушди минбаъдаи соҳа ва меъёрҳои ҳуқуқии он мутобиқ ба иқтисодиёти бозорӣ корҳои бисёреро анҷом дод. Бори нахуст дар кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ», Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ то соли 2005, Барномаи соҳавии ислоҳоти нигаҳдории тандурустӣ барои солҳои 1997–2001 таҳия ва ба тасвиб расиданд.
Марҳалаи сеюми ислоҳоти соҳа солҳои 1999–2006-ро фаро мегирад. Дар ин солҳо аввалин лоиҳаҳои инвеститсионӣ бо мадади Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва Бонки Умумиҷаҳонӣ оғоз гардиданд. Ба иллати нокифоя будани маблағҳои буҷети давлатии барои соҳаи тандурустӣ таъсисдодашуда зарурати ҷалби маблағҳо аз ҳисоби ниҳодҳои молиявӣ ва ташкилотҳои байналмилалии мададрасон ба миён омад. Дар ин давра дар доираи ислоҳоти соҳа «Стратегияи маблағгузории соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005–2015» таҳия ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Дар пешбурд ва татбиқи дигаргунсозиҳои соҳа дар ин давра Барномаи таҷдиди сектори иҷтимоӣ, ки солҳои 1999–2014 дар кишвар амалӣ гардид, саҳми бузург гузошт. Дар доираи татбиқи Барномаи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ корҳои сохтмониву барқарорсозии бештар аз ва муассисаи тиббии қисме аз навоҳии ҷумҳурӣ анҷом ёфтанд. Дар ин давра дар татбиқи ислоҳоти соҳа Маркази идораи барномаи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ – Бонки Осиёии Рушд, Маркази ҳамоҳангсозии Барнома оид ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва дастгирии тибби оилавӣ (Барномаи Сино), Барномаи Здрав Плюс, Бунёди Оғохон, Хазинаи Глобалӣ, Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (WHO), Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF), Барномаи НОРЕ (Барномаи USAID оид ба мубориза зидди бемории сил), Бонки рушди Олмон, CARE INTERNATIONAL, CARITAS Сафорати Ҷопон саҳми арзишманд гузоштаанд. Дар натиҷаи татбиқи барномаи мутазаккира бештар аз 100 нафар мутахассис дар хориҷи кишвар омӯзонида, 36 муассисаи тиббӣ сохта шуда, 320 муассисаи табобатию профилактикӣ дар 41 шаҳру навоҳии вилоятҳои Хатлону Суғд таҷҳизонида шуда, 88 адад нақлиёти санитарӣ дастрас гардиданд.
Марҳалаи чоруми ислоҳоти тандурустӣ аз соли 2006 оғоз гардида, то ҳоло идома дорад. Рисолати асосии ин марҳала мукаммал намудани сохти идоракунӣ ва маблағгузории соҳа, рушди тибби оилавӣ, мустаҳкам кардани заминаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ, таҳкими системаи иттилоотии соҳа ва амсоли инҳо мебошад. Ба мақсади беҳтар намудани вазъи саломатии аҳолӣ, бо мадади Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин санадҳои меъёрии дорои аҳамияти зиёд ба тасвиб расидаанд. Дар солҳои охир соҳаи хидматрасонии тиббии кишвар ба азнавсозии заминаҳои ташхисиву табобатӣ, неруманд намудани инфрасохтори муассисаҳо, таъмини дастрасии хидматрасонии ташкилӣ, муолиҷавию пешгирӣ ва ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобатӣ самт гирифт. Дар пайи ин гирифтор шудани аҳолӣ ба баъзе бемориҳо, аз ҷумла домана, гулӯзиндонак, сулфакабудак, сурхча, гепатитҳои вирусӣ мутаносибан коҳиш ёфтааст. Яке аз самтҳои муҳимми мубориза алайҳи бемориҳои густурда дар ҷумҳурӣ – мубориза бар зидди бемории сил мебошад. Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010–2015 идомаи Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013–2010 буда, барои фароҳам овардани тамоми шароит ҷиҳати беҳтар намудани хидматрасонии зиддисилӣ ба аҳолӣ равона шудааст.
Дар доираи ин барнома дастрасии аҳолӣ ба доруҳои табобати бемории сил беҳ гардид, хидматрасонии ташхисӣ низ равнақ гирифт, озмоишгоҳҳои бактериоскопӣ хуб таҷҳизонида шуданд, беморхонаҳои ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сил таъмиру таҷдид гардида, бо олоту ашёии тиббии муосир ҷиҳозонида шуданд. Баъдан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳимояи тиббию иҷтимоии шаҳрвандони мубталои диабети қанд» қабул шуда, Барномаи мубориза бар зидди диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид. Минбаъд 3 барномаи миллӣ оид ба мубориза бар зидди вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд. Бо мақсади беҳтар намудани вазъи бемориҳои омосҳои бадфарҷом дар ҷумҳурӣ, коҳиш додани гирифторшавӣ ба ин беморӣ ва фавт аз он, ёрии таъҷилӣ ва таскинӣ, дастрасии тамоми намудҳои табобат, омода кардани мутахассисони соҳа Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати бемории саратон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010–2015 ба тасвиб расид. Тайи солҳои охир дар муассисаҳои табобатӣ усулҳои нави табобат ҳангоми нақсҳои вазнини модарзодии дил ҷорӣ гардиданд. Ҳамчунин бори аввал дар кишвар амалиёти иваз намудани гурда, буғуми рон ва зону ба буғуми сунъӣ, тавассути ҳуҷайраҳои бунёдӣ, муолиҷаи бемории дилу рагҳо, усулҳои нави ҷарроҳии чашм, ҷоғу рӯй ва саратони хирной гузаронида шуданд. Нахустин бор дар ҷумҳурӣ бидуни ҷарроҳӣ бо сӯзани махсус таҳти назорати ултрасадо оризаҳои ҷигар ва ғадуди зери меъда табобат карда шуданд. Ба мақсади пайванд намудани узву бофтаҳо дар заминаи озмоишгоҳи Маркази ҷумҳуриявии илмии хун типикунонии антагенҳои эритроситҳо ва типикунонии иммунологии бофтаҳо (HLA-антигенҳо) доир карда шуд.
Бо назардошти рушди таҷрибаи ғании тибби ниёгон «Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ» таъсис дода шуд. Ҳифозат намудани тандурустии модару кӯдак аз рисолати муҳимми В. буда, вобаста ба ин маром чандин қонунҳои мушаххас ба тасвиб расидаанд, ки ҷиҳати паст намудани сатҳи беморшавӣ ва фавти модарон дар навоҳии кӯҳистон ва дигар ноҳияҳое, ки мутахассисон намерасанд, равон намудани «Корвони саломатӣ» ва ташкили марафон – сабқати ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Кӯдаки солим – миллати солим» аз натоиҷи ин иқдоманд. Дақиқан беҳбуди хидматрасонии тиббиву фарматсевтӣ аз бисёр ҷиҳатҳо ба сатҳу сифати омодагии касбии кадрҳои тиббиву фарматсевтӣ марбут мебошад. Барои тарбияи мутахассисони соҳаи тандурустӣ чандин санадҳои меъёрӣ қабул гардиданд, ки Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар солҳои 2006–2015, Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010–2020 аз ҷумлаи онҳоянд. Солҳои охир дар баробари ворид намудани маводди доруворӣ самти дигари соҳаи фарматсевтӣ – истеҳсоли маводди дорувории ватанӣ низ рушд ёфт; дар мамлакат КВД «Тоҷикфарминдустрия» таъсис ёфт, ки дар ҷумҳурӣ маводди дорувориро истеҳсол менамояд. Айни замон дар мамлакат коргоҳҳои фарматсевтии ватанӣ – Корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши «Помир», Ҷамъиятҳои дорои масъулияташон маҳдуди «Тиб барои шумо», «Шабнам ШАР», «Ҳаким», «Сахо», «Авитсенна», «Фармико», ҶСК «Фароз», ҶСП «Аввалин» ба истеҳсоли маводди доруворӣ пардохтаанд.
Дар шароити муосир яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустии мамлакат, ки аз “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” бармеояд, рушди сифатноки кумаки аввалини тиббию санитарӣ буда, он ба тибби оилавӣ асос ёфтааст. Фаъолияти тибби оилавӣ дар ҷумҳурӣ аз солҳои 1998 ба роҳ монда шуда, нисбат ба фаъолияти дигар соҳаҳои тандурустӣ бартарӣ дорад. Зеро, пеш аз ҳама, ин ба он вобаста мебошад, ки як табиб метавонад дар самтҳои гуногуни соҳаи тиб кумаки тиббӣ расонад, алалхусус дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти дурдаст, ки дар он ҷо мутахассиси ин ё он соҳаи тиб намерасад. Дар ин самт вазифаи асосии тибби оилавӣ- ин огоҳ намудани аҳолӣ аз паҳн гардидани бемориҳои гуногун ва роҳҳои пешгирии он, ҳифзи аҳолӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ мебошад. Таҷрибаи мубориза бар зидди бемории сироятии коронавируси нави “COVID-19” имсол нишон дод, ки то кадом дараҷа тибби оилавӣ барои шароити давлати мо зарур мебошад.
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади рушди тибби оилавӣ дар мамлакат «Барномаи рушди тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» амалӣ гардид. Асоси тибби оилавиро табиб ва ҳамшираи тибби оилавӣ ташкил медиҳад. Раванди тибби оилавиро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тибби оилавӣ” ба танзим медаровард. Соли 2017 бо қабули Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра қонунҳо, аз ҷумла, Қонуни ҶТ “Дар бораи тибби оилавӣ” аз амал боз дошта шуд. Зеро ҳамаи он талаботе, ки оид ба раванди тибби оилавӣ дар қонуни мазкур дарҷ гардида буд, дар боби 11–уми Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст.
Имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ раванди тибби оилавӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст, аммо дар ин самт норасоии духтурон ва кормандони миёнаи соҳаи тиб вуҷуд дорад. Баъди ворид намудани раванди мазкур дар мамлакат сатҳи расонидани кумаки аввалини тиббию санитарӣ дар муассисаҳои тиббӣ ва дигар бахшҳои соҳаи тандурустӣ рушд менамояд. Ҳамзамон як зумра нишондиҳандаҳои демографӣ, аз ҷумла сатҳи фавти модару кӯдак, гирифторшавӣ ба бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ дар байни аҳолӣ паст гардида истодааст. Тибқи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020” навсозии объектҳои тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятнок маҳсуб шуда, ҳамаи муассисаҳои тандурустӣ давра ба давра навсозӣ ва бо технологияҳои муосир таъмин карда мешаванд. Дар стратегияи мазкур омадааст, ки дар марҳилаи якум бояд заминаҳои моддию техникии муассисаҳои тандурустии пойтахт, дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ, дар марҳилаи дуюм муассисаҳои тандурустии сатҳи вилоятӣ дар самти дастрасии аҳолӣ ба ташхиси томографияи компютерӣ, офталмодиагностикаи компютерӣ, маҷмӯи дастгоҳҳои реаниматсионӣ барои тифлони навзод ва ғайраҳо, дар марҳилаи сеюм беморхонаҳои марказии ноҳиявӣ ва шаҳрӣ беҳтар гардонида шуда, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шаванд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист бо ҳамаи сохторҳои байналмилалӣ ҳамкории судманд ба роҳ монад. Яке аз чунин сохторҳо Бонки ҷаҳонӣ мебошад, ки бо дастгирии он дар самтҳои мухталифи рушд-энергетика, нақлиёт, тандурустӣ, кишоварзӣ, пешгирии офатҳои табиӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок дар ҳар гӯшаи мамлакат корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Айни замон бо дастгирии ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёди сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои гуногун татбиқ гардида истодаанд.Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» мисоли хубест оид ба ин ҳамкорӣ, ки дар беҳтар намудани хизматрасонӣ дар самти кумаки аввалини тиббӣ, бахусус дар минтақаҳои деҳот кумак мерасонад. Он аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ва Фонди мақсадноки натиҷаҳои инноватсионӣ дар соҳаи тандурустӣ ба маблағи 33 миллион доллари ИМА маблағгузорӣ мешавад ва аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.Бо омӯзонидани кормандони тиб, сохтмон ва ҷиҳозонидани муассисаҳои тиббӣ ва аз ҳама муҳим, бо пешниҳоди тавсияҳои мушаххас ва ҳавасмандгардонии пулии кормандони соҳаи тандурустӣ ҷиҳати расидан ба натиҷаҳои беҳтар тавассути равиши «маблағгузории натиҷаи фаъолият», лоиҳа ба боло бурдани сатҳи фарогирӣ ва сифати хизматрасониҳои асосии кумаки аввалини тиббию санитарӣ нигаронида шудааст. Дар доираи лоиҳаи мазкур 37 маркази нави саломатии деҳот дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияҳои Фархор, Ёвон, Ҷалолиддини Румӣ, Данғара, Деваштич, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Файзобод ва Ишкошим бунёд шуда истодаанд. Зиёда аз 10 ҳазор кормандони тиб омӯзонида шуданд, аз ҷумла оид ба масъалаҳои нигоҳубини самарабахши модарон, кӯдакон ва калонсолоне, ки фишори баланд доранд. Ҳиссаи занҳои ҳомиладоре, ки духтури табобатӣ мунтазам ба онҳо ҳангоми обистан будан кумаки тиббӣ мерасонид ва он раванди ҳомиладорӣ ва таваллудро нисбатан бехатар мекунад, дар ноҳияҳои лоиҳавӣ тақрибан 100 фоизро ташкил медиҳад. Сифати кумаки тиббии дар муассисаҳои лоиҳа расонида ба ҳисоби миёна зиёда аз 20 фоиз дар марказҳои саломатии деҳот ва зиёда аз 30 фоиз дар бунгоҳҳои саломатӣ беҳтар гардид. Дар маҷмӯъ, зиёда аз як миллион нафар ё 14 фоизи аҳолии Тоҷикистон, бахусус занҳо ва кӯдакон аз фаъолияти лоиҳа манфиат бардоштанд. Яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустӣ, ки аз рӯи он сатҳу сифати хизматрасонии тиббии ватанӣ муайян мегардад, ин густариши соҳаи ҷарроҳӣ мебошад. Соҳаи ҷарроҳӣ яке аз нишондодҳои асосии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии мамлакат маҳсуб меёбад. Зеро агар баҳодиҳӣ барои табобати дигар гурӯҳи бемориҳо нисбӣ бошад, мардум ба хизматрасонии тиббие, ки тавассути ҷарроҳӣ анҷом дода мешавад,бевосита баҳо медиҳад. Барои он, ки табобати ҷарроҳӣ дар лаҳзаҳои аввал ҳам натиҷа медиҳад ва ҳам сатҳи хизматрасониро муайян мекунад. Мутаассифона, бештари шаҳрвандони мамлакат барои ҷарроҳӣ ба мамлакатҳои хориҷа сафар менамоянд, зеро имрӯз соҳаи ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон ба он сатҳе нарасидааст, ки ҳама намуд амалиёти ҷарроҳиро дар дохил анҷом бидиҳем. Ин он маъноеро надорад, ки иқтидори тавоноии табибони ҷарроҳи ватанӣ бесифат аст, балки сабаб он аст, ки барои анҷом додани якчанд амалиёти ҷарроҳӣ, ба монанди ҷарроҳии бемориҳои вазнини дарғоти дил, иваз намудани клапанҳои дил, роҳҳои маҷроҳои хунгарди дил, ҷарроҳиҳои дил барои кӯдакони навзод, бемориҳои ҳароммағз, сутунмуҳра ва баъзе амалиёти ҷарроҳии дигар аз нигоҳи технологӣ дар мамлакат як андоза мушкилот мавҷуданд, бо ин сабаб шаҳрвандони мамлакат барои анҷом додани онҳо ба хориҷи мамлакат сафар мекунанд. Барои бартараф намудани ин камбудӣ, масъулини соҳаро зарур меояд, ки бо дастгирии сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ аз он технологияи муосири тиббие, ки дар ҷаҳон арзиши гарон доранд, харидорӣ намояд, ё ин ки якҷоя бо ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ мувофиқи шартнома дастгоҳҳои замонавии ҷарроҳиро истеҳсол намоянд. Солҳои охир рушди соҳаи ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон мушоҳида мегардад. Ҳатто чунин ҳолатҳоро низ мушоҳида намудан мумкин аст, ки шаҳрвандони хориҷӣ барои аз амалиёти гуногуни ҷарроҳӣ гузаштан ба Тоҷикистон омада истодаанд. Эътимод дар дараҷаи баланди хизматрасонӣ, касбияти мутахассис ва дастрас будани нархи ҷарроҳӣ мебошад. Бояд гуфт, ки шаҳрвандони хориҷӣ бештар бо мақсади пайвандсозии узвҳо ба табибони тоҷик муроҷиат менамоянд. Чунончи, табибони тоҷик тавонистанд дар кӯтоҳтарин марҳила гузаронидани ҷарроҳии пайвандсозии узвҳоро аз худ кунанд ва арзандаи касби хеш гарданд. Бо мақсади дастрас гардонидани хизматрасониҳои ҷарроҳӣ ба шаҳрвандони мамлакат ҳанӯз соли 2010 маҳз бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» таъсис дода шуд. Ба фаъолият шурӯъ намудани чунин як маркази ҷавобгӯ ба талаботи замонавӣ имкон ба вуҷуд овард, ки шаҳрвандони мамлакат бо харҷи камтари маблағ дар ватани худ амалиёти пайвандсозии узвҳоро гузаранд. Ҷиҳати коҳиш додани шумораи нафароне, ки ба хориҷи кишвар барои ташхис ва табобат сафар мекунанд, дар заминаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон» шуъбаи пайвандсозии мағзи устухон фаъолият дошта, то имрӯз ба 12 нафар бемор амалиёти пайвандсозии мағзи устухон гузаронида шудааст. Тибқи маълумоти ҳисоботии Вазорати тандурустӣ, то охири соли 2019 дар ҷумҳурӣ ба 126 нафар шаҳрвандони хориҷӣ амалиёти пайвандсозии узвҳо гузаронида шудааст. Солҳои охир мушоҳида намудан мумкин аст, ки дар масъалаи татбиқи самараноки барномаҳои соҳавӣ, омӯзиш ва андешидани тадбирҳо вобаста ба масъалаи хизматрасонии маъюбон ва солимгардонии онҳо, самаранок ва мақсаднок истифода намудани маблағҳои инвеститсионӣ, мукаммалгардонии сохторҳои низоми тандурустӣ, такмили сиёсати кадрӣ, ҷобаҷогузории кормандони соҳаи тандурустӣ ва компютерикунонии самтҳои мухталифи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ корҳои муайян ба анҷом расонида шуд.Дар даврони соҳибистиқлолӣ мунтазам роҳбарияти давлат ба рушди маблағгузории соҳаи тандурустӣ диққати хосса дода, давра ба давра онро зиёд менамояд.
Дар ин муддат буҷети соҳаи тандурустӣ 25 маротиба афзоиш ёфта, музди маоши кормандони соҳаи тандурустӣ низ зиёда аз 19 маротиба баланд карда шудааст. Ҳамзамон пардохти саривақтии музди маош, кумакҳои иҷтимоӣ, ҷубронпулиҳо таҳти назорати қатъии Ҳукумат қарор дошта, ҷиҳати бартараф намудани қарздории пардохти ин маблағҳо, ҳамзамон беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ тадбирҳои бетаъхир андешида шуда истодаанд.
Тибқи ҳисоботи Вазорати тандурустӣ, соли 2019 чорабиниҳои зиёде вобаста ба самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ба монанди Конгресси кардиологҳо ва терапевтони кишварҳои Осиё ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, конфронси байналмилалӣ вобаста ба масъалаҳои мубрами сироят бо ВНМО, бемории сил, норасоии ғизо, вобаста ба кори ҳамширагӣ, 20 – солагии вориднамоии тибби оилавӣ, Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба масъалаҳои тавонбахшии маъюбон, Шӯро оид ба масъалаҳои тандурустии давлатҳои аъзои ИДМ ва Шарҳи якҷояи соли нуҳуми татбиқи “Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 – 2020” (Саммит – 9)” гузаронида шуданд. Марҳилаи солҳои 2010–2019–ро ҳамчун солҳои бобарору пурмаҳсули соҳаи тандурустӣ ҳисобидан мумкин аст, чунки давоми ин солҳо як қатор рӯйдодҳои муҳими таърихии фаромӯшнашаванда ба амал омаданд. Дар маҷмӯъ, дастовард ва навгониҳое, ки айни замон дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар мерасанд, худ далели раднопазири онанд, ки соҳаи мазкур дар мамлакат рӯ ба рушд аст.
Ба масъалаи ҳифзи тандурустии аҳолии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд, аз ҷумла дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022 иброз намуданд: «Дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии мамлакат аз 5 миллион нафар дар соли 1991 то ба 10 миллион нафар дар моҳи июли соли 2022 афзоиш ёфтааст, яъне ду баробар зиёд гардидааст. Барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он бунёди муассисаҳои нав, азнавсозии муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани онҳо зарур мебошад. Бо ин мақсад, танҳо дар ду соли охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба муассисаҳои тандурустии кишвар ба маблағи зиёда аз 1 миллиард сомонӣ беш аз 200 номгӯй таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир дастрас карда шудаанд. Бо вуҷуди он ки дар самти пешгирӣ кардан ва табобати беморон дастоварду пешравиҳои муайян ба назар мерасанд, вале ҳанӯз масъалаҳои тарбияи кадрҳо, хусусан, дар коллеҷҳои тиббии чи давлатӣ ва чи хусусӣ, аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳо бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ ва сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳбудӣ металабанд.Вобаста ба ин, бори дигар хотиррасон менамоям, ки рушди саноати дорусозӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад».
Дар Вазорати корҳои дохилӣ низ бо ташаббуси Вазири корҳои дохилӣ тамоми шароитҳо барои ҳифзи саломатии кормандони макомоти корҳои дохилӣ ба роҳ монда шуда, сари вақт маъракаи ваксинагузаронӣ оид ба пешгирии бемориҳои сирояткунанда амалӣ шуда, барои барқарорсозии саломатӣ марказҳои тиббӣ мавриди истифода қарор доранд ва тибқи реҷаи муқарраргаштаи Раёсати тиббии ВКД кормандон аз муоинаи тиббӣ гузаронида мешаванд.
Соҳибзода Диловар, иҷрокунандаи вазифаи сардори шуъбаи тиббии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...