Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Инъикоси масоили маориф ва илм дар Паёми Пешвои миллат

52581456950 4747cb72d3Таҷрибаи башарӣ исбот намудааст, ки дар ҷомеае, ки ба мақоми омӯзгор, мактаб ва маориф эҳтиром гузошта намешавад, ба пешрафт ноил нагардида, бесаводӣ фарогир шуда, ҷаҳолату бадбахтӣ ба вуҷуд меояд. Маҳз бо ин мақсад, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш таъкид намуданд, ки: «…агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад».
Дар ин замина, Пешвои муаззами миллат оғози бунёди давлати мутамаддинро аз маориф вобаста дониста, ғамхорӣ ба ин соҳаро дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат бори дигар, самти афзалиятнок шумориданд.
Ҳамзамон, масъалаи пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобаста маҳсуб ёфта, дар Паём таъкид карда шуд, ки «…бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад».
Албата, яке аз омилҳои асосӣ, ки дар раванди ташаккулёбии ҷаҳонбинии ҷомеа мусоидат менамояд, омили маърифатӣ-фарҳангӣ мебошад. Маҳз ин омил метавонад барои рафъи ҷаҳолату хурофот мусоидат намуда, пеши роҳи гаравиши баъзан ҷавононро ба ғояҳои номатлуби ифротгароӣ гирад.
Бо ин мақсад, аз оғози фаъолияти сиёсии Пешвои муаззами миллат, масъалаи фарогирии наврасону ҷавонон ба таҳсил дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифта, бунёду навсозии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ суръат гирифта, ҳоло низ идома доранд. Вобаста ба ин зикр карда шуд, ки «…дар сӣ соли охир шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хонандагони онҳо беш аз ду баробар, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 1,6 баробар ва донишҷӯёни ин зинаҳои таҳсилот сеюним баробар, мактабҳои олӣ чор баробар ва донишҷӯён зиёда аз се баробар афзудааст».
Вобаста ба маблағгузории соҳа низ дар Паём таъкид гардид, ки «…соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ ё худ 12,6 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад».
Дар баробари дастуру супоришҳои мушаххас ва роҳнамоиҳое, ки барои соҳаи маориф ва илми кишвар дода шуд, бахши муҳими Паёмро дар ин самт, дастгирии иҷтимоии кормандони соҳа, алалхусус баланд бардоштани музди маош ва стипендия ташкил медиҳад. Дар ин замина таъкид карда шуд, ки “...бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд”.
Зиёд намудани музди маоши соҳаҳои иҷтимоӣ, алалхусус омӯзгорон, дар чунин шароит, ки вазъи молиявии буҳронӣ ҷомеаи ҷаҳонро гирифтор аст, бори дигар аз сиёсати одилонаву инсонпарвар ва маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат дарак медиҳад.
Таҳлили бахши соҳаи илм низ дар шакли алоҳида мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, дар ин самт низ дастуру ҳидоятҳои мушаххас манзур гардиданд.
Бо назардошти нақши созандаи илм дар рушди ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар дар Паёми имсола таъкид гардид, ки “...бо истифода аз имкониятҳое, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда истодааст, муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ бояд бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузоранд.
Албатта, Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, то ки барои рушду тараққиёти илмҳои гуногуни замон, заминаи боэътимод гузошта шавад. Маҳз бо иқдому ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи неруи зеҳнӣ, рушди илм, дар тамоми соҳаҳои ҳаёт корҳои зиёду назаррас анҷом дода шудаанд. Таъсиси муассисаҳои таълимӣ, донишкадаву донишгоҳҳо, институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, коллеҷу литсейҳо ва дигар чунин муассисаҳо шаҳодати он мебошанд.
Асри ХХI замони пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияҳои навин мебошад. Дар чунин шароит рушди минбаъдаи кишвар аз дастгирӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани дастовардҳои илмӣ вобастагии амиқ дорад.
Қайд кардан зарур аст, ки имрӯз бидуни мутахассисони барҷаста ва технологияи пешрафта наметавон соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бахусус саноату иқтисодро тараққӣ дод. Ба ин хотир ҳамасола барои рушду инкишофи соҳаи илм аз буҷети давлат маблағҳои зиёд ҷудо карда мешаванд, то шароиту имкониятҳои хуби касбу ҳунаромӯзӣ ва таъмини ҳамоҳангии илм бо истеҳсолот таъмин карда шавад.
Бо назардошти чунин ҳолат, таъкид карда шуд, ки “...вазъи имрӯзаи илми кишвар тақозо менамояд, ки ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд.
Вобаста ба ин, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо тавассути роҳандозии барномаҳои таълими касбу ҳунарҳои муосир ва васеъ ҷорӣ намудани омӯзиши амалии донишҷӯён бо роҳи пайванди илм ва истеҳсолот ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаҳои саноат ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инчунин, иқтисоди рақамӣ тадбирҳои судмандро амалӣ созанд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки вобаста ба таъсиси донишгоҳҳои муштарак бо давлатҳои пешрафтаи дунё оид ба омӯзиши илмҳои муҳандисиву технологӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳодҳои мушаххас манзур намоянд.
Албатта, ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва робитаҳои академӣ миёни муассисаҳои олии касбӣ бо кишварҳои пешрафта, имкон медиҳад, ки ҳадафҳои зикргардида дар самти мазкур, тадбиқи амалии худро дарёбанд.
Насуриён Пулод Асадулло, муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...