Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабиниҳои муфиди таълимӣ баҳри болоравии маҳорату малакаи кормандони милитсия

626Яке аз вазифаҳои муҳим ва асосие, ки дар назди Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон меистад, ин омода намудани кадрҳои баландихтисос барои мақомоти корҳои дохилӣ ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусии онҳо ба ҳисоб меравад. Дар заминаи факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақшаи таълимии тасдиқгардидаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ курси такмили ихтисос бо навбатдорон ва навбатдорони калони оперативии қисмҳои навбатдории Раёсати нозиротӣ-ташкилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

627

Мутобиқи ҷадвали дарсии тасдиқнамудаи сардори Академияи ВКД дарсҳои таълимии курси такмили ихтисос дар сатҳи баланди касбӣ аз тарафи олимони Академия ва дигар омӯзгорони пуртаҷрибаи кафедраҳои тахассусӣ дар синфхонаҳои махсуси муҷаҳҳаз бо воситаҳои аёнии таълимӣ доир гардиданд. Вобаста ба такмили донишҳои оперативӣ аз ҷониби сардори факултети №6, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Амрудинзода М.А. аз фанни ФОҶ ба шунавандагон дарси амалӣ гузаронида шуд.

628

Ҳамчунин шунавандагон аз Осорхонаи Академия, китобхонаи Вазири корҳои дохилӣ ва синфхонаҳо дидан намуданд.
Ба роҳ мондани чунин чорабиниҳои муфиди таълимӣ баҳри болоравии маҳорату малакаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ тавассути курсҳои такмили ихтисос мусоидат менамояд.

Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...