Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташрифи раиси КОА назди Президенти Тоҷикистон ба Академияи ВКД

OSH 8794

Санаи 28-уми ноябри соли равон раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.т., профессор, генерал-лейтенанти милитсия Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ ба Академияи ВКД ташриф оварда, аз шароити муосири таҳсил, тарбия, варзиши курсантону шунавандагон ва омӯзгорони ин боргоҳи илму маърифат аз наздик ошноӣ пайдо намуд.

OSH 8839

Ичунин генерал-лейтенанти милитсия Розикзода А.Ш., аз Осорхонаи Академияи ВКД дидан намуда, таасуроти амиқ бардоштанд. Баъд аз боздиди Академияи ВКД , раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.т., профессор, генерал-лейтенанти милитсия Розикзода А.Ш. дар ҷаласаи Шӯрои олимон аз ҷониби сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.х., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. бо диплом ва унвони профессори фахрии Академия мушарраф гардонида шуданд.

OSH 8868

Солҳои 1989-1993 Розиқзода А.Ш. аспирантураро дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон сипарӣ ва соли 1994 дар мавзӯи «Истеҳсолоти косибию ҳунармандии Бухорои Шарқӣ дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX» рисолаи номзадиро ҳимоя намудааст.Солҳои 1993-2005 дар вазифаҳои муаллим, муаллими калон, сардори кафедра, муовини аввали Сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доштааст.Соли 2002 рисолаи докториро дар мавзӯи «Таърихи ташкилёбӣ ва фаъолияти милитсияи Тоҷикистон» ҳимоя карда, сазовори унвони илмии доктори илмҳои таърих гардидааст. Солҳои 2006-2009 ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон будааст. Аз соли 2009 то соли 2013 дар вазифаи сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. OSH 8921Соли 2013-2015 ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» будааст.Номбурда яке аз муҳаққиқони эътирофшудаи таърихи милитсияи Тоҷикистон ба шумор рафта, оид ба мавзӯи мақомоти ҳифзи тартиботи Ҷумҳурии Афғонистон низ якчанд мақолаҳо ба нашр расонидааст.Муаллифи 8 монография, 3 филмнома ва зиёда аз 160 мақола оид ба таърихи касбу ҳунарҳои мардумӣ ва ҷанбаҳои гуногуни таърихи милитсияи Тоҷикистон мебошад. Боиси тазаккур аст, ки Розикзода Абдулҳким Шералӣ солҳои зиёд дар Академия фаъолият бурда, аз омӯзгор то вазифаи Сардори Академия расида, дар омӯзиш ,тадқиқ ва тарғиби таърихи милитсияи тоҷик саҳми беандоза бузург бозидааст.Айни ҳол ӯ бо Академияи ВКД робитаи зичи ҳамкории илмӣ дошта, дар тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ саҳмгузор аст.

Унвони профессори фахрии Академияи ВКД муборак, устоди гиромӣ Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ!
Гузориши махсус: Асламов Б.С.,Сафарова С.Н

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...