Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷойгоҳи Конститутсия дар бунёди давлатдории миллӣ.

конститутсияАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ, ки фарогири самтҳои асосии сиёсати дохили ва хориҷиро дар бар мегирад, санаи 21.12.2021 иброз доштанд: «Баъди барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ зарурати қабули Конститутсияи нав ба миён омад, то ки асосҳои бунёдии ҷомеа, шакли идораи давлат ва дигар арзишҳои давлатдорӣ муайян карда шаванд».

Баъди ба даст овардани неъмати бебаҳо яъне Истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд ва зарурияти қабули санади тозае ба миён омад. Дар ҳама давру замон бо рушд ёфтани давлату давлатдорӣ зарурияти муайян сохтани сохтор, идораи давлатдорӣ ва пойдории якпорчагии он санаде мураттаб мешуд, ки фарогири ҳама ҳадафҳои давлат бошад, ки он бо ном Конститутсия муаррифӣ мешавад ва санади асосӣ шинохта шудааст. Аввалин маротиба Конститутсияи Тоҷикистони сохибистиқлол 6 ноябри соли 1994 ба тариқи райпурсии умумихалқӣ қабул гардидааст, ки дар бунёди давлатдории миллӣ барои мардуми тоҷик саҳми арзандае гузоштааст.
Чи хеле ба мо маълум аст, қаблан мо дорои чунин санад будем, аммо он ҷавобгӯи ҳадафҳои давлату миллат набуд ва соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон зарурати ба низом даровардани самтҳои асоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлати тоҷиконро ба миён овард. Масалан, забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ расман эълон гардид ва рамзҳои давлатӣ ҳамчун муқаддасот шинохта шуданд. Мутобиқи ин талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сабти асноди шаҳрвандӣ ва дигар муносибатҳои меҳнатӣ бо забони давлатӣ сурат мегиранд.
Афзалияти дигари ин санад таҳияи боби алоҳида оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон аст ва бори аввал мафҳуми инсон дар чаҳорчӯбаи қонуни асосии давлат баррасӣ ва эътироф гардид. Мутобиқи Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамаҷониба ҳимоя карда мешаванд ва давлат ба ин кафолат медиҳад.
Конститутсия ҳамчунин ҳуҷҷати ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Хусусияти ҳуқуқӣ доштани Конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки он дорои қувваи олии ҳуқуқӣ мебошад. Меъёрҳои Конситутсия бевосита (мустақиман) амал мекунанд ва ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрвандро кафолат дода, заминаҳои муҳимми ҳуқуқии фаъолияти мақомоти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии онҳо, дигар унсурҳои давлатдориро пешбинӣ ва ба танзим медароранд.
Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат дорои як қатор хусусиятҳо мебошад, ки бо ин хусусиятҳо аз дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фарқ мекунад:
- Конститутсия қонуни асосии давлат буда, муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Масалан, ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби фаъолияти мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва судиро муайян мекунад.
- Конститутсия назар ба дигар санадҳои ҳуқуқӣ дорои қувваи баланди ҳуқуқӣ мебошад. Дорои қувваи баланди ҳуқуқӣ будани Конститутсия маънои онро дорад, ки тамоми санадҳои ҳуқуқӣ бояд ба Конститутсия мувофиқ бошанд. Ҳангоми ба Конститутсия мувофиқ набудани санадҳои ҳуқуқӣ онҳо қувваи ҳуқуқии худро гум мекунанд.
- Конститутсия асосҳои сохтори конститутсиониро муқаррар менамояд. Дар Конститутсия сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ, соҳибихтиёрӣ, шаклҳои гуногуни моликият ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, арзиши иҷтимоии инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқу озодиҳои асосии ӯ эълон карда мешаванд.
- Меъёрҳои Конститутсия бевосита амал мекунанд. Амали бевоситаи меъёрҳои Конститутсия чунин маъно дорад, ки субъектҳои татбиқи ҳуқуқ, ба монанди суд, мақомоти прокуратура, мақомоти корҳои дохилӣ ва ғайра ӯҳдадоранд амалишавии меъёрҳои Конститутсияро, новобаста аз инъикос гардиданашон дар санадҳои ҳуқуқӣ, таъмин намоянд.
Аз ҷониби дигар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро вазифадор менамояд, ки риояи талаботи ин санад ҳатмӣ аст, яъне шаҳрвандон дар ҳама ҳолат бояд талаботи Конститутсияро риоя кунанд. Дар вақти риоя накардани талаботи Конститутсия мутобиқи қонун ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ ҷавобгарӣ муайян мешавад.
Хулоса дар давраи начандон тӯлонӣ меъёрҳои қонуни асосии кишвар, ки муҳимтарин принсипҳои эътирофшудаи ҷомеаи башариро дар бар мегирад, барои эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона равона гардида, барои амалишавии ҳадафҳои созанда дар роҳи бунёди давлатдории навини тоҷикон мусоидат кард.
Муҳимтар аз ҳама, роҳнамоест барои имрӯзу фардои давлату миллат. Ин ҳуҷати тақдирсоз дар бунёди давлатдории миллӣ моро ҳифз мекунад ва мебарад сӯйи ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол.


Муаллими кафедраи фанҳои
давлатӣ-ҳуқуқӣ, факултети №2
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
лейтенанти калони милитсия Фахридинзода Ҳ.С.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...