Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

"НАБЗИ МИЛИТСИЯ" – ТАШВИҚГАРИ МУЗАФФАРИЯТҲО

Нақши матбуоти даврӣ ва воситаҳои ахбори умум дар инъикоси ҳаёти ҷамъиятӣ сиёсӣ ва фарҳангӣ хеле калон аст. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ин соҳаи муҳим таваҷҷуҳи хос дода шуд. 19-уми марти соли 2013, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма" таҳти №961 қабул гардид. Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма ва кафолати давлатии озодии онҳоро муқаррар карда, муносибатҳо вобаста ба онҳоро танзиму такмил менамояд.
То таъсисёбии рӯзномаи "Набзи милитсия" ҳаёти ҷамъиятию сиёсии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои зиёд тавассути рӯзномаҳои деворӣ ва нашрияҳои ҷудогонаи идона инъикос мегардид. Маҳз бо туфайли ташаббуси шахсии сардори Академияи ВКД, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ нашрияи Академия бо номи "Набзи милитсия" таъсис дода шуда, 24-уми августи соли 2015 таҳти №0383/РЗ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.
Санаи 12-уми апрели соли 2021 бошад, нашрияи мазкури Академияи ВКД дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №242/РЗ аз нав ба қайд гирифта шуд. Рӯзномаи мазкур дар ташвиқу тарғиби ғояҳои муҳими замони муосир фаъолона иштирок намуда, дар тарбияи маънавӣ, ғоявӣ, фарҳангӣ ва маслакии кормандону шогирдон саҳми беандоза муҳим гузошта истодааст. Тавассути рӯзнома омӯзгорон, курсантону шунавандагон, адюнкту докторантҳо, олимону мутахассисон пайваста масъалаҳои мубрами замонро мавриди инъикос гузошта дар тарбияи насли наврас, кормандон ва шаҳрвандон саҳми арзанда гузошта истодааст.
Мазмуну мӯҳтаво ва сохтори рӯзнома пайваста тибқи талаботи рӯз дигар гашта, шумораи муштариёнаш ҳам беист зиёд шуда истодааст. Рӯзнома дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти Вазорат буда, мавриди ғамхорӣ ва дастгирӣ қарор дорад. Ҳамин аст, к и бо дастури муҳтарам Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро шумораҳои рӯзномаро тамоми Сарраёсату Раёсатҳо, Шуъбаҳо, ҷузъу томҳои МКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мегиранд ва дар пешбурди фаъолиятҳои оперативӣ-хизматӣ, самти кори тарбиявӣ, фарҳангӣ, тарғибу ташвиқи расму русум, анъанаҳои ниёгон, саҳифаҳои дурахшони таърихи халқу миллат ва ғайра истифода мебаранд.
Маҳз бо туфайли рӯзнома на танҳо аз ҳисоби олимону омӯзгорон, мутахассисон, балки аз ҳисоби курсантону шунавандагон миқдори мақоланависон доимо дар ҳоли рушд қарор дошта, теъдодашон афзоянда мебошанд. То ба имрӯз 85 шумораи он аз чоп баромада аст.
Нашрияи "Набзи милитсия" гарчанд ҷавон бошад ҳам аллакай барои гузоштани нақши муҳим дар инъикоси ҳаёти ҷамъиятӣ, тарбияи маънавии насли ҷавони милитсия солҳои 2021 ва 2022 ду маротиба бо Сипосномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шудааст.
Роҳбари ҳайати мушовараи рӯзномаи «НАБЗИ МИЛИТСИЯ» сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ мебошад. Сармуҳаррири рӯзнома, рӯзноманигори шинохта Умед Олим; Муҳаррирон: полковникҳои милитсия Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э., майори милитсия Сафарзода С.Н.,; Тарроҳ: Муҳаббат Рашидова мебошанд. Ба ҳайати мушовараи РӮЗНОМА муваффақиятҳо таманно дорем!

шефсаидаа шавкатасламова умед

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...