Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти судманд бо устодону донишҷӯён

63018 апрели соли 2024, мулоқоти сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён Пӯлод Асадулло бо ҳайати устодон ва донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов сурат гирифт.631
Ҳадаф аз баргузории мулоқот иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами милат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 9 марти соли 2024 бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар мебошад.
632Зимни мулоқот муҳтарам Насуриён Пӯлод Асадулло атрофи нуктаҳои муҳимтарини суханронии Пешвои муаззами миллат ибрози андеша намуда, далелу рақамҳои мушаххасро дар ин самт зикр д.
Қайд карда шуд, ки зуҳуроти номатлуби ҷомеа, алалхусус таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифротгароии динӣ, гаравиши баъзан сокинони мамлакат ба созмонҳои террористиву экстремистӣ, таълими ғайриқонунии динӣ, бегонапарастӣ, зиёдаравиҳо ва дигар чунин омилҳо аз мушкилоте мебошанд, ки ислоҳи саривақтиро тақозо доранд.
Масъалаи худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои волои фарҳанги ниёгон ва чеҳраҳои илмиву адабии миллат, тақвияти ҷаҳонбинӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, омили таҳкимбахши давлатдории миллӣ ва масоили калидӣ дар ҷодаи муқовимат бо чунин зуҳуроти номатлуби ҷомеа арзёбӣ карда шуд.
Ҳамзамон, дар вохӯрии мазкур, маърӯзаҳои профессорон ва омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Сафарзода Ҳ.С. ва подполковники милитсия Самиъзода Б.С., атрофи мавзӯъҳои «Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба созмонҳои террористию экстремистӣ» ва «Таассуб ва хурофот таҳдид ба мафкураи миллӣ», шунида шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ сардори Академияи ВКД донишҷуёнро ба худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, тақвияти маърифати ҳуқуқӣ, зиракии сиёсӣ, омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги ниёгон ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ даъват намуд.
Убайдуллоев Ш.Э.

 





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...