Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кафедраи фанҳои муҳандисию техникӣ

595Кафедраи мазкур соли 1993 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.04.1993 таҳти № 196 бо номи «Отделение по подготовке инженеров пожарной безопасности и аварийно-спасательных служб» ФЗО и ПК Высшей школы МВД РТ ташкил шудааст. 

Бо фармони сардори Мактаби олии ВКД ҶТ аз соли 1999 № ____ кафедра номи «Инженерно-технических специальностей» - ро гирифтааст.
Бо фармони сардори Академияи ВКД ҶТ аз соли 2003 № ____ кафедра номи «фанҳои муҳандисию техникӣ» - ро гирифтааст.
Аз солҳои 1993 то 1996 дар кафедраи Математика ва фанҳои-муҳандисӣ-техникӣ полковники хизмати дохилӣ Ирматов А ко рва фаъолият намудааст. :
Аз солҳои 1996 то 1998 сарварии кафедраро н.и.т., майори милитсия Умаров Маҳмудҷон Абубакирович кор ва фаъолият намудааст, ки дар ин давра кафедра ба комёбиҳои назаррас ноил гаштааст.
Аз солҳои 1998 то 2000 полковники хизмати дохилӣ Ғаюров С.Ш. сардори кафедраи фанҳои муҳандисӣ-техникӣ таъин шуд ва дар давоми солҳои кориаш дар кафедра пешравиҳо ва навгониҳо шуда буданд.
Аз солҳои 2001 то 2009 – сарварии кафедраро н.и.тех., полковники милитсия Нарзуллоев С. ба ӯҳда дошт. Дар давраи роҳбарии ӯ дар факултет шӯъбаи « Бехатарӣ аз сӯхтор» ташкил карда шуд, ки ба гуфтаи омӯзгори калони кафедраи фанҳои муҳандисӣ-техникӣ Ғаюров С.Ш. ин ихтисос дар Донишкадаи Ҳарбии Вазорати Мудофиа дар арафаи барҳамхурӣ буд, ки бо дастгирии Вазорати корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия н.и.ҳ., Қаҳоров А.А., ки дар он муддат дар Академияи ВКД роҳбарӣ мекарданд ба тобеъияти факултети №3 гузошта, ба факултет мутахассисон аз қабили н.и.ф-м подполковники милитсия Холмуродов Ф., н.и.тех., полковники милитсия Нарзуллоев С. ҷалб карда шуданд.
Аз солҳои 2009 то 2012 дар кафедраи фанҳои-муҳандисӣ-техникӣ подполковники милитсия н.и.ф-м Холмуродов Ф. сардор интихоб гардид. Муовини сардори кафедраро подполковники милитсия Шарипов Б ба уҳда дошт. Дар кафедра н.и.х., подполковники милитсия Ашуров С.Ғ., подполковники милитсия Ҳомидов А., майори милитсия Наврузов С.Ғ., лейтенанти калони милитсия Худойбердиев Ю., лейтенанти калони милитсия Мирзохонов Б., муаллимони ҳамкор Назаров С., Умаров М., Устоев М., Бобо Бахшиевич фаъолият менамуданд. Дар ин солҳои сарварии худ подполковники милитсия н.и.ф-м Холмуродов Ф. сифати таълим, ҷараёни таълим аз ҳама ҷиҳат пеш рафта буд.
Аз солҳои 2012 то 2013 иҷрокунандаи сардори кафедраро н.и.х., подполковники милитсия Ашуров С.Ғ., ба ӯҳда дошт. Дар кафедра н.и.х., подполковники милитсия Ашуров С.Ғ., подполковники милитсия Ҳомидов А., майори милитсия Наврузов С.Ғ., лейтенанти калони милитсия Худойбердиев Ю., лейтенанти калони милитсия Мирзохонов Б., лейтенанти милитсия Фармонов С.Ҷ., муаллимони ҳамкор Назаров С., Умаров М., Устоев М., Бобо Бахшиевич фаъолият менамуданд. Дар ин солҳои сарварии худ подполковники милитсия н.и.х., Ашуров С.Ғ., дар кафедра корҳои назаррасро анҷом додааст.
Аз соли 2013 то ҳол дар кафедра омӯзгорони пуртаҷриба полковники милитсия Каримов М., Маъруфиён Б., Муминиён А.А., Бабиев А., Раҳимов А., ва ғайраҳо фаъолият намудаанд.
Аз соли 2013 то ҳол сарварии кафедраро н.и.х., полковники милитсия Ҳалимзода Шодӣ Абдулло ба ӯҳда дорад. Муовини сардори кафедраро бошад полковники милитсия Муминиён А.А., ба ӯҳда дорад.
Айни ҳол дар кафедра омӯзгорони пуртаҷриба профессори кафедра подполковники милитсия Рустамзода З., дотсенти кафедра подполковники милитсия Шарифзода У., муаллими калони кафедра подполковники милитсия Ғафлатзода С. Ғ., муаллимони кафедра капитани милитсия Фармонов С.Ҷ., лейтенанти калони милитсия Ибрагимов Б.И., лейтенанти калони милитсия Назришозода Д.Л., лейтенанти калони милитсия Ҳабибов М., муаллимони кафедра Ғуломзода Бобохуҷа, сардори кабинети кафедра лейтенанти калони милитсия Қурбонзода Б. кору фаъолият доранд. Дар кафедраи мазкур низ ҳайати профессорон ва омӯзгорони ҳамкор ҳам фаъолият менамоянд. Омӯзгорони ҳамкори кафедра: доктори илмҳои биологӣ Устоев М., номзади илмҳои техникӣ Нарзуллоев С.А., номзади илмҳои химия Ашуров С.Ғ., номзади илмҳои физика-математика Қурбонов Н.Б., номзади илмҳои техникӣ Умаров М.А., номзади илмҳои физика-математика Раҳимов А., подполковники милитсия Ҳомидов А.С., муаллими кафедра Расулзода Т., муаллими кафедра Холов Б., кор ва фаъолият менамоянд. Ҳоло кафедраи фанҳои муҳандисӣ –техникӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гашта истодааст. Аз ҷониби кафедра курси мухтасари лексияҳо, лексияҳои корӣ, саволномаҳои тестӣ, китобҳо, барномаҳои таълимӣ, дастурҳои таълимӣ, силабус, мақолаҳо ва ғайраҳо аз чоп баромада истодаанд.
Дар кафедраи фанҳои муҳандисӣ фанҳои зерин аз қабили технологияи информатсионӣ, физика, механикаи амалӣ, термодинамика ва гармигузаронӣ, химияи органикӣ, химияи ғайриорганикӣ, графики муҳандисӣ, математикаи элементарӣ, математикаи олӣ, экология барои курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзонида мешаванд.

596

Аз ин ҷост, ки ҳайати устодон ва унвонҷӯёну кормандони кафедраи фанҳои муҳандисӣ-техникӣ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ барои ичрои нақшаи корҳои илмӣ-тадқикотӣ камари ҳиммат баста, барои пешрафти иҷрои корҳои илмӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд.

 





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...