Сардори академия
Сардори Академия: Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ - генерал-майори милитсия, 14 апрели соли 1974-ум дар деҳаи Сайроби ҷ/д ба номи О.Ҳошимови ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Забони модариаш тоҷикӣ, бо забони руссӣ озод ҳарф мезанад. Соли 1993 ба Мактаби Олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1997 онро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.
Пас аз хатми Мактаби олӣ аз 01.10.1997 то 15.04.1998 ба ҳайси муфаттиши шӯъбачаи тафтишотии ШКД н. Ҳамадонии в. Хатлон, аз 15.04.1998 то 13.07.1998 ваколатдори оперативии кофтукови ҷиноӣ оиди кор бо ноболиғони ШКД н. Ҳамадонии в. Хатлон, аз 13.07.1998 то 01.05.2000 дар ихтиёри РКД в. Хатлон, аз 01.05.2000 то 01.06.2003 ваколатдори калони оперативии кофтукови ҷиноии ШКД н. Ҳамадонии в. Хатлон, аз 01.06.2003 то 12.10.2006 муаллими кафедраи оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилии факултети №2 Академияи ВКД ҶТ, аз 12.10.2006 то 13.10.2009 адъюнкти Академияи идоракунии ВКД Россия, аз 13.10.2009 то 04.01.2010 дар ихтиёри Академияи ВКД ҶТ, аз 04.01.2010 то 08.10.2012 сардори кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилии факултети №2 Академияи ВКД ҶТ, аз 08.10.2012 то 11.04.2014 сардори факултети №2 Академияи ВКД ҶТ, аз 11.04.2014 то 26.08.2014 муовини аввали сардори Академияи ВКД ҶТ, аз 26.08.2014 то 21.01.2015 сардори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи ВКД ҶТ ва аз 21.01.2015 то ҳол дар мансаби сардори Академияи ВКД ҶТ фаъолият дорад.
Соли 2010 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Ташкил ва асосҳои ҳуқуқии таъмини иттилоот оид ба ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ дар таъмини тартиботи ҳуқуқӣ” дифоъ намуда, сазовори унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ мегардад.
Ҳамзамон 30 ноябри соли 2017 бо қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №6/3 бо унвони илмии “Дотсент” аз руйи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ сарфароз гардонида шудааст.
Бо ордени «Шараф» дараҷаи 2 соли 2015 мушарраф гашта, мукофоти идоравӣ низ дорад.