Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муҳовараи тоҷикӣ-англисӣ-русӣ (барои кормандон)

260Ҳалимов А.Ҳ., Назруддинов М.З., Мақсудов М.Р. Муҳовараи тоҷикӣ-англисӣ-русӣ. – Душанбе: Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон , 2018. – 100 с.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилае қарор дорад, ки равобит байни кишварҳои дунё торафт афзудаву илму фарҳанг бо дастовардҳои азиму навин рӯ ба рӯ шуда, давраи ҷаҳонишавиро аз сар гузаронида истодааст. Дар ин марҳила таъмини амнияту сулҳу субот, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ба рушд ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, бахусус МКД вобастагӣ дорад. Дар муҳовара мавод аз рӯйи мавзӯъҳои муайяне, ки аз ҷониби кормадони МКД оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба хизмат сафарбар мешаванд, ҷамъоварӣ шудаанд. Онҳо метавонанд аз муҳовараи мазкур ҳангоми муошират бо намояндагони дигар миллату халқиятҳо истифода намоянд.
Муҳовара барои забономӯзиии кормандони МКД, шунавандагон ва курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар чорабиниҳои оммавӣ оид ба ҳифзи тартибот ва таъмини бехатарии ҷамъиятӣ сафарбар мешаванд ва доираи васеи хоҳишмандон пешниҳод шудааст.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...