Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барномаи таълимӣ

128Ҳайдарзода Д.П. Барномаи таълимӣ аз фанни тайёрии оташфишонӣ оид ба гузаронидани ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ бо курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон. – Душанбе: Академияи ВКД, 2018. - 13 с.
Яке аз бахшҳои асосии омодагии касбии кормандони МКД аз худ намудани фанни тайёрии оташфишонӣ мебошад. Предмети асосии фанни мазкур - ин тарзи дуруст, бехато ва мақсаднок истифода бурдани силоҳи оташфишон дар ҳолатҳои гуногун мебошад.
Мавзӯҳои асосии фанни тайёрии оташфишонӣ - ин омӯзиши автомати Калашникови мукаммалкардашудаи 7,62 - мм ба ҳисоб меравад. Зеро дар ҳолатҳои зарурӣ аз ин силоҳ истифода намудан барои кормандони МКД бисёр муносиб ва боэътимод мебошад.
Аз ин лиҳоз, дар давраи гузаронидани ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ бо курсантони Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзӯи автомати Калашникови мукаммалкардашудаи 7,62 - мм дар доираи барномаи таълимии фанни тайёрии оташфишонӣ омӯзонида мешавад ва яке аз мавзӯҳои асосӣ ва аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.
Барномаи мазкур барои ташкили дурусти корҳои таълимии фанни тайёрии оташфишонӣ дар ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ бо курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...