Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тамошои намоишномаи «Доғи рӯз»

268269

Санаи 18 апрели соли 2019 дар доираи чорабиниҳои фарҳангии факултети №3 Академияи ВКД, шунавандагони курси дуюми соли қабули 2017 факултети №3 ба театри давлатии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ ташриф оварданд.

Дар театр намоишномаи «Доғи рӯз» ба тамошобинон намоиш дода шуд, ки хусусияти тарбиявӣ-ахлоқӣ дошта, ба қавле реалӣ буда, бо мазҳака омехта таҳия гардида буд. Дар намоишнома ҳунармандони мардумии театри мазкур ҳунарнамоӣ намуда, дар дилу дидаи тамошобинон ҷой гирифтанд.

270271

Ташкили чунин чорабиниҳои фарҳангӣ ҷузъи ҷудонашавандаи барномаҳои фарҳангии Академияи ВКД маҳсуб ёфта, метавонад савияи дониши фарҳангии шунавандагонро баланд ва завқи эстетикии онҳоро сайқал диҳад. Шунавандагон аз тамошои намоишнома як ҷаҳон маънӣ бардоштанд.
Солеҳзода Ф., Сафарова С.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...