Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши занон дар ҳифз ва рушди ҳунарҳои мардумӣ

199Симои маънавии миллати соҳибтамаддуни тоҷик дар қатори падидаҳои бузургу хуҷастаи илмиву адабиву ҳунарӣ ва санъатҳои классикӣ боз бо дурахши хосса дар ойину маросим ва суннатҳои ҳунарии мардумияш таҷассум ёфтааст. Суннату маросимҳои миллии мо дар тӯли асрҳо симои одобу маърифат ва фарҳанги халқамонро шакл додаанд. Тамоми суннатҳо ва расму маросимҳои миллии мо, ки таърихи қадимӣ доранд, аз куҳантарин замонҳо оҳанги башарӣ дошта, дар пояи хайрхоҳӣ ва сулҳу дӯстиву инсонигарӣ нумӯъ ёфтаанд. Маросимҳои ҷашни Сада ва Наврӯзи Аҷам аз қадимтарин маросимҳи инсонӣ буда, дар замонҳои пешдодӣ, дар оғози тамаддуни инсоният зуҳур ёфтаанд ва баъд аз гузаштани ин ҳама ҳазорсолаҳо аз имтиҳонҳои гарону хунини таърих, боз ҳам пояндаву таҷассумгари хираду фарҳанги миллии мо мондаанд. 

Албатта, ҳазорсолаҳо поянда будани маросиму суннатҳои халқи мо, аввалан гувоҳи бунёди неки онҳо бошад, баъдан аз хираду ҳунари азалии миллатамон гувоҳӣ медиҳад. Ҷои ифтихор аст, ки маросим ва суннату оинҳои мо саршор аз ҳунарҳои рангоранг ва тасхиркунандаи мардумиянд.
Имрӯз вақте, ки мо бо ифтихор дар бораи мондагорӣ ва ҳадафҳои баланди инсонӣ доштани суннатҳо ва ҳунарҳои мардумиямон сухан мегӯем, набояд аз ёд барорем, ки пояндадорони онҳо дар манзилҳову ҷомеаи мо дар тӯли ин ҳама таърихи гарон, пеш аз ҳама, занону модаронамон будаанд. Занону духтарон ва модарони тоҷик, ки бунёди эҷодкорона дошта, зотан эҷодкору ҳунарманданд, ин ҳама ойину суннатҳоро на фақат зинда доштаанд, балки эҷодкорона пайваста такмил додаву сифатан боло бурдаанд ва бар он нозукии хос сифатҳои нав ба нав зам кардаанд.
Агар нек назар андозем, аксари ҳунару пешаҳои мардумиамон маҳз маҳсули назари зебо ва тахайюлоти рангини занони ҳунарманди моянд. Тамоми намуди пухтупази таомҳои миллии мо, ҳунарҳои дӯзандагиву бофандагиву ресандагӣ ва ҳунарҳои ороишӣ марбут ба ҳунари дасти занон аст.
Аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудани солҳои 2019-2021 ҷиҳати эҳё ва рушду такомули ҳунарҳои мардумӣ заминаи мусоидеро муҳайё кард. Тоҷикистони азиз, ки аз олами ирфону ҳикмати тоҷикона сероб аст, макони ҳунару ҳунармандист. Ҳунармандони Тоҷикистон бо илҳом аз табиати ғанӣ ва рангорангии кишвари маҳбубамон дар тамоми анвои ҳунармандӣ чирадаст буда, бо офаридани ҳунарҳои дастӣ шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо мекунанд. Бахусус, барои эҳёи ҳунарҳое, ки аз байн рафтаанд, ин иқдоми бузург аз аҳамият холӣ нест.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бонувони тоҷик бо ташаббусҳои худ собит намуданд, ки метавонанд дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ низ муваффақ бошанд. Саҳми занону бонувони соҳибҳунар дар эҳё намудану тараққӣ додани ҳунарҳои мардумӣ ва бо ҳамин роҳ муҳайё кардани ҷойҳои корӣ барои дигар бонувони хонашин басо арзишманду назаррас аст.
Пешвои муаззами миллат зимни табрикоти худ ба муносибати Рӯзи модарон таъкид намуданд, ки: «Яке аз ҳадафҳои асосии Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кардани соли 2018 ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани солҳои 2019–2021 маҳз ба шуғл фаро гирифтани шумораи ҳарчи бештари занону духтарон мебошад».
Бо амалӣ гардонидани чунин иқдомот Ҳукумати мамлакат мавқеи занонро дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таҳким бахшида, барои истифодаи нерӯи бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор фароҳам месозад, — иброз намуданд Пешвои муазззами миллат ва афзуданд, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» ҷиҳати таҳияву татбиқи як силсила санадҳои муҳими марбут ба беҳдошти вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавии занону бонувон заминаи воқеӣ гузошт.
Имрӯзҳо, маҳсули ҳунарҳои волои дастии занони мо метавонад бо беҳтарин падидаҳо дар ин соҳа дар сатҳи байналмилалӣ рақобат кунад. Зеро борҳо шоҳид будем, ки мардуми кишварҳои дигари олам мафтуни маҳсули ҳунари дастони модарони тоҷик гардидаанд ва ба онҳо арҷи баланд гузоштаанд. Маҳз ҳамин падидаҳоро ба назар гирифта, Пешвои миллати тоҷикон дар радифи рушди сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумиро низ дастгирӣ намуданд. Аслан аҳамияти хосса додан ба ҳунарҳои мардумӣ ва дастгирии ҳамаҷониба аз онҳо дар сиёсати Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон падидаи нав набуда, аз оғози истиқлолият пайгирӣ мешавад. Ин ҳама солҳо ҳамеша дар ҳама маъракаҳову ҷашну маросимҳои миллии мо ба намоиши ҳунарҳои мардумӣ ҷой ва аҳамияти махсус дода мешуд. Ҳоло ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 аз пардохти ҳама намудҳои андоз озод кардани фурӯши молу маводи маҳсули мардумӣ боз як гувоҳи ғамхориву дастгирии бесобиқа нисбат ба ҳунармандони мардумӣ аз ҷониби Пешвои некбину дурандеши миллатамон аст.
Акнун бояд ба воқеан ҳадафнок ва хирадмандона будани ин иқдоми Пешвои миллатамон иқрор шуд. Зеро, воқеан ҳунарҳои мардумии халқи мо, маҳсули кори дастони ҳунармандони чирадасти тоҷик, хусусан занону модарону духтарони соҳибзавқу соҳибистеъдодамон бебаҳо буда, падидаҳои нодири ҳунариеро ба бор овардаанд, ки танҳо тамошои он ба ҳар бинанда як олам завқи зебоипарастӣ эҳдо мекунад.
Дар хусуси ҳунари гулдӯзиву зардӯзии занони соҳибистеъдоду ҳунарманди мо, ки дар ҳар маҳал бо рангу ҷилову дизайни хосса бо дастони модарони мо омода мешаванд, метавон таърифу тавсифи зиёде кард. Ҷойи шубҳа нест, ки маҳсулоти ҳунарии бонувони мо зимни ба хориҷа сафар карданамон метавонанд беҳтарин ҳадяву дастовез бошанд.
Одатан чунин аст, ки ҳар зани тоҷик, бо дастони тиҳии пур аз ҳунараш як коргоҳи ҳунар аст. Аз ғоз додани пахтаву пашм то ресидану омода кардани наху ришта, то бофтани матою резишу бурриши он ва дӯхтани пироҳани зебое ҳама ҳунари волою беназири як зан ё модари тоҷик аст, ки бидуни шубҳа, чунин кори дастӣ дар хориҷи кишвар арзиши баланд дорад.
Занону модарони мо аз замонҳои қадим, қариб ҳар яке дар хонадони худ дастгоҳи рағзабофӣ доштанд ва ҳоло ҳам доранд, ки тавассути он гилемҳои қавиву рангин мебофтанду мебофанд, ки дар сифату зебоӣ ҳамто надоранд ва метавонанд бо беҳтарин маҳсулоти шабеҳи худ дар бозорҳои ҷаҳонӣ рақобат дошта бошанд.
Имрӯз сиёсати давлатии ҷумҳурии мо ва Пешвои миллатамон барои ҳамин гуна ҳунарҳои мардумӣ роҳ кушода, имконияту майдони фарох медиҳад. Ва мо аминем, ки ин иқдоми нек ҳам дар некӯаҳволии мардуму баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва ҳам дар рушду тарғиби ҳунарҳои мардумии мо саҳми бузурге хоҳад гузошт.
Саидова Тоҷинисо
курсанти курси 1-уми факултети №2
Академияи ВКД

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...