Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Лоиқи ифтихор

189

Дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ кам нестанд кормандони масъулиятшинос, дӯстдори касб ва содиқ ба Савганд, ки барои дигарон намуна ва лоиқи ифтихори мақомоти милитсия бошанд. Ҳарчанд ин гуна нафарон тобиши фарқкунанда миёни ҳамкасбон доранд, аммо иштирок дар озмунҳои баргузорнамудаи ВКД, чеҳраи онҳоро барои тамоми ҳайати шахсии мақомот муаррифӣ месозад.

190Роҳбарияти ВКД дар баробари фароҳам намудани шароити мусоиди кору хизмат бо мақсади беҳтар намудани сифатнокӣ дар фаъолияти хадамотҳои соҳа, баланд бардоштани истеъдод ва рӯҳияи кории кормандон озмунҳо ташкил менамояд. Озмуни «Беҳтарин муфаттиш» аз гунаи озмунҳоест, ки ҳамасола дар байни муфаттишони мақомоти милитсия гузаронида мешавад.
Раёсати тафтишотии ВКД натиҷаи озмун дар соли 2018 ва ғолибони онро муайян намуд. Яке аз нафарони унвони «Беҳтарин муфаттиш дар соли 2018»-ро соҳибгардида, ин муфаттиши шуъбачаи тафтишотии ШВКД-1 дар шаҳри Исфара, капитани милитсия Фозилов Хурсандмурод Фозилбоевич мебошад.
Ӯ дар тафтиши холисона, пурра ва ҳамаҷонибаи ин самт малакаи касбии худро нишон дода, дар фаъолияти кориаш нишондодҳои пурсамар дорад.
Хело хушоянд аст вақте, ки насли ҷавони мақомот, насли тарбиядидаи замони соҳибистиқлолӣ, дорои ҷаҳонбинӣ ва пояи мустаҳками саводнокӣ бошаду ҳамчун мутахассиси корозмуда ба камол расад. Муфаттиши ҷавон Хурсандмурод Фозилов хатмкардаи факултети 2-юми Академияи ВКД дар соли 2014 буда, дар вазифаи таҳқиқотчӣ фаъолияти амалиашро оғоз намудааст. Бо назардошти интизоми хизматӣ, дониш ва малакаи хуби таҳқиқу тафтиш, баҳодиҳии ҳуқуқии холисона ба кирдорҳои зидиҳуқуқӣ бо пешниҳоди роҳбарияти шуъбаи 1-уми ВКД дар шаҳри Исфара ӯро соли 2016 ба вазифаи муфаттишӣ таъин намуданд.
Роҳбарият ва ҳайати шахсии ШВКД-1 дар шаҳри Исфара аз ин дастоварду пешрафти ҳампешаи худ, яъне эътироф гардидан ҳамчун «Беҳтарин муфаттиш» дар соли 2018 ифтихор дошта, онро самараи заҳмати шабонарӯзии капитани милитсия Хурсандмурод Фозилов медонанд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки тантанаи муваффақият ҷозибаи роҳатбахшеро дорост ва он баҳри фатҳи қуллаҳои баландтар ба кас нерӯ мебахшад.

АКБАР ШАРИФОВ
сардори маркази матбуоти
РВКД дар вилояти Суғд

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...