Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машғулияти амалӣ шунавандагони факултети №4 дар қисми ҳарбии 3501

171

Санаи 15 марти соли равон дар асоси нақшаи чорабиниҳои таълимӣ-тарбиявӣ бо мақсади баланд бардоштани маҳорати малакаи касбӣ ва дониши шунавандагони курси тайёрии ибтидоии семоҳаи факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қисми ҳарбии 3501 Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани машғулияти амалӣ аз фанни «Тайёрии оташфишонӣ» ташриф оварданд.
Дар оғози ин ҳамкорӣ, командири қисми қисми ҳарбии 3501 полковник Ализода Баҳодур Ҳасан дар майдони сафороӣ бо шунавандагон, ки аз ҳисоби кормандони хадамоти посбонӣ-пайраҳадорӣ, шӯъбаи давлатии «Муҳофиза»-и РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мебошанд, ҳамсӯҳбат шуданд. Зимни ин сӯҳбат, шунавандагон роҷеъ ба фаъолияти ҳарбӣ-хизматӣ, тартибу низоми қисми ҳарбӣ ва бо тактикаи пешбурди фаъолияти ҳарбӣ-хизматии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати пурзӯрӣ хизмат шинос шуданд. Дар ин ҷода ба ҳамкории ҳаррӯзаи хизматчиёни ҳарбӣ бо кормандони милитсияи ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баҳри нигоҳ доштани тартиботи ҷамъмияӣ, пешгирӣ ва ошкор намудаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷиноятҳои дар ҷойҳои ҷамъиятӣ содиршуда маълумотҳои мушаххас низ дода шуд.

172

Ҳамзамон, Ализода Б. Ҳ. бомаврид қайд намуданд, ки имрӯзхо бояд кормандони милитсия барои таълим ва тарбияи хизматчиёни ҳарбӣ зимни пешбурди фаъолияти хизматӣ дар сафи гурӯҳи посбонӣ-пайраҳадорӣ саҳмгузор бошанд ва зимни фаъолият ба сарбозон нозукиҳои хизматро ҳамарӯза биомӯзонанд.
Баъд аз ин афсарони бомаҳорату пуртаҷриба, сардори хадамоти техникаи артилерӣ ва аслиҳаи ҷангӣ майор Ниёзов Д.Н., муовини командири рота лейтенант Убайдуллоев Ф.А. ва устоди кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос лейтенанти милитсия Ҳасанзода Ҷ. бо шунавандагон дар синфхонаҳои таълимӣ ба талаботи имрӯза ҷавобгуй машғулиятҳои амалии худро гузарониданд. Дар раванди маш-ғулияти амалӣ шунавандагон аз наздик доир ба мавзӯъҳои таълимӣ, бо мӯҳтаво, таъинот, қисмҳои асосӣ, маълумоти техникӣ, тартиби ба қисмҳои пурра ва нопурра ҷудо ва пайваст намудан, тарзи тирпарронӣ ва риояи қоидаҳои бехатарӣ бо силоҳҳои ҷангӣ пулемёти дастии Калашников, милтиқи мергании Драгунов, пулемёти Калашников ва норинҷакандози зиддитанкӣ шинос шуданд.

173

Гузаронидани ин машғулияти амалӣ, ки бори аввал бо ҳамкории дуҷониба барпо гардид ба шунавандагон, аллахусус ба кормандони хадамоти шӯъбаи давлатии «Муҳофиза» - и РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хотирмон гашт, зеро онҳо боз ҳам аз наздик бо силоҳҳои ҷангӣ ба монанди намудҳои пулемёти Калашников, милтиқи мерганӣ ва норинҷакандози зиддитанкӣ шинос шуда ба саволҳои пешниҳод намудаи хеш оид ба омӯхтани ва истифодаи силоҳи оташфишон ҷавобҳои қаноатманд гирифтанд.

Собиров И.Ғ. - И.в. сардори кафедраи фанҳои ҳарбӣ-хизматӣ факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...