Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тамошои филм ба шунавандагони Академияи ВКД таассуроти нек бахшид

103

Рӯзи 16-уми феврали соли 2019 шунавандагони факултети №3 Академияи ВКД бо устодон филми ҳунарии «Риё»-ро, ки дар кинотеатри «Ватан» ба намоиш гузошта буд тамошо намуданд. Дар баробари ба шунавандагон омӯзонидани барномаҳои таълимӣ дар Академияи ВКД анъанае роиҷ аст, ки зимни ҳар давраи хониш шунавандагонро ба тамошои Осорхона, сайругашти мавзеъҳои таърихӣ, ба тамошои филмҳои тарбиявӣ ҷалб намуда, ҷаҳонбинӣ ва маърифати фарҳангии онҳоро баланд мебардоранд.
Барои шунавандагон ин методӣ таълимӣ хело хушоянд аст. Зеро кормандони амалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар гӯшаву канори гуногуни кишварамон фаъолият дошта, ҳама вақт чунин имконият фароҳам нест.
Тамошои филми ҳунарӣ иқдоми навбатии роҳбарияти ВКД буд, ки шунавандагони соли 3-юм ва ҳайати омӯзгорони факултети №3 Академияи ВКД онро тамошо намуданд. Мавзӯи сарватманд, монеа шудан ба хушбахтии фарзанд ва оқибатҳои ногувори он таҷрибаи талхи ҳаётӣ маҳсуб меёбад,
Дар филми ҳунарӣ саҳнаҳоеро дидан мумкин аст, ки ҳарҷанд камаҳмият бошанд ҳам сарнавишти инсонро тобиши дигар медиҳанд.
Ҳақиқати мавзӯи рӯи саҳна овардашударо дар ҷомеаи имрӯза низ дидан мумкин аст. Филмнома бо хусусияти таълимӣ-тарбиявӣ ба тамошобинон таассуроти нек гузошт.

104

Ташкили чунин чорабиниҳои фарҳангӣ ҷузъи ҷудонашавандаи барномаҳои таълимии Академияи ВКД маҳсуб ёфта, метавонад савияи дониши фарҳангии шунавандагонро баланд ва завқи эстетикии онҳоро сайқал диҳад.
Назарзода Ҳ.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...