Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ПАЁМ - РОҲНАМОИ АСОСИИ ЗИНДАГИИ МАРДУМИ ШАРИФИ ТОҶИКИСТОН

«Тамоми кӯшишу ғайрат, донишу малака ва қобилияти ташкилотчигии худро барои роҳнамоӣ кардани мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ба корҳои ободонӣ сафарбар намоем.

Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи ватани соҳиббунёду маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем ва ба давлати соҳибистиқлолиамон содиқ бошем, ҳамаи ҳиссу талоши худро ба хотири пешрафтаву неруманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузи эътибори Тоҷикистони азизамон равона созем».

Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз (26.12.с.2018), бо руҳияи болидаву саршор аз муҳаббати бепоён нисбат ба ватани муқаддаси хеш ва Сарвари хирадпешаи он дар толори маҷлисгоҳ ва дар ҳар синфхонаҳо, афсарон ва курсантони Факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, ҳамагон интизори тамошои мустақими телевизионии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд.

40

Ҳар сол Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бесаброна интизор мешаванд ва ин бесабаб ҳам нест. Зеро Паёми Президенти кишвар дорои мазмуни пурмуҳтаво, фарогири паҳлуҳои мухталифи сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, иқтисодиёт, фарҳанг, дар маҷмӯъ тамоми самтҳои фаъолияти мардуми кишвар буда, барои ҳар як шаҳрванди ватандӯст роҳнамои асосии зиндагӣ мебошад.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути Паёми хеш аз дастовардҳои соли равон ва солҳои қаблӣ ёдрас намуда, барои оянда дастуру супоришотҳои судманд ироа карданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки шароити мусоиди табиӣ ва иқлими Тоҷикистон барои ба роҳ мондани хизматрасонии муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имконияти беҳтарин муҳайё кардааст. Махсусан, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2019-2021 «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо хушнудии беандоза пазируфта гардид.

Тавре аз тамошои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мутмаин шудем, ки роҳбарияти давлату ҳукумат хусусан Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва ба як кишвари тараққикарда табдил додани Тоҷикистони маҳбуб сахт заҳмат мекашанд. 
Мо омӯзгорон аз иқдомоти ҷиддии Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соҳаи илму омӯзиш роҳандозӣ кардаанд ва ислоҳоту навсозиро босуръат пеш бурда истодаанд, истиқбол мекунем. Дар навбати худ мо – кормандони Факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш мекунем, ки фаъолиятамонро беҳтар ба роҳ монда, ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар руҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани фарзандони мардуми тоҷик алалхусус шогирдони мо курсантон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоем.
Баҳодурзода М., муаллимаи кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос, лейтенанти калони милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...