Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат дар густариши ҳамгироии ИДМ

08Санаи 8-уми декабри соли 1991 бо сабабҳои дохилӣ ва таъсири беруна собиқ ИҶШС (СССР) - ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмилалӣ суқут кард. Федератсияи Россия меросхӯри асосии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ гардид. Давлатҳои аъзои он паи ҳам истиқлолият ба даст оварданд. Аз ҷумла, ҶШС Тоҷикистон низ 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлолияти сиёсии худро эълон карда, моҳи марти соли 1992 аъзои комилҳуқуқи СММ гардид. Ташаббускорони пошхӯрии ИҶШС асосан давлатҳои славянии он - Россия, Белорусия ва Украина гардида буданд, ки дар таърих бо номи Созишномаи Беловежск ва марҳилаи нави геополитикӣ маълум аст.

Албатта, давлатҳои собиқ ИҶШС тӯли 70-сол ҳамгироии густурдаи иқтисодию фарҳангӣ доштанд, вале он солҳо низ монеаҳои зиёди сунъӣ эҷдод мегардид. Баъд аз пошхӯрии ИҶШС бархӯрди геополитикӣ барои давлатҳои пасошӯравӣ ба вуқӯъ пайваст. Давлатҳои абарқудрат намехостанд, ки дигар ин давлатҳо ҳамгироии иктисодӣ дошта бошанд ва пайваста кӯшиш менамуданд, ки онҳо заиф гарданд. Дар чунин марҳилаи мураккаби геоплитикӣ ғояи ҳамгироии собиқ давлатҳои ИҶШС ба миён омад, ки онро бештар ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев марбут медонанд, ки онро чун ғояи ояндаи Евразия пешниҳод намуд буд, ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин марҳилаҳои мураккаби геополитикӣ бо назардошти манфиатҳои миллии Тоҷикистон худро ҷонибдори воқеии густариши ҳамгироии давлатҳо нишон доданд.
Моҳи декабри соли 1991 бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти ИДМ пазируфта шуда, 26-июни соли 1993 Оинномаи онро низ тасдиқ намуд. Аз рӯзҳои аввали шомилшавии Тоҷикистон ба узвияти ИДМ Пешвои миллат ба ҳайси раиси Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои густариши иқтисодию фарҳангии давлатҳои мустақили он таваҷҷуҳи хос зоҳир менамуд. Аз ҷумла, бо иқдоми Пешвои миллат моҳи октябри соли 2007 сарони давлатхои ИДМ барои тақвияти ҳамкориҳои бисёрҷониба дар шаҳри Душанбе ҷамъ омада, як қатор қарорҳои муҳими дахлдор кабул намуданд.
Соли 2018-ум раисии ИДМ-ро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда доштанд, ки дар ин сол бо иқдомҳои Пешвои миллат самти ҳамгироии иқтисодии кишварҳо густариш ёфта, савдои берунии давлатҳо рушд намуда, мубодилаи мол 15 фоиз афзоиш ёфт. Равобити фарҳангии давлатҳои аъзои ИДМ ривоҷ намуд.
28 сентябри соли 2018 ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, ҳисоботи солонаи раисии ИДМ аз ҷониби Пешвои миллат шунида шуд. Пешвои миллат ба масоили хатарҳои ҷаҳонӣ, аз қабили экстремизму терроризм, қочоқи маводи мухаддир изҳори нигаронӣ намуда, бори дигар давлатҳои аъзои ИДМ-ро дар ин бора ҳушдор доданд, то ки тавонанд ба таври дастаҷамъона бар зидди он мубориза баранд. Сарони давлатҳои ИДМ таҷрибаи Тоҷикистон ва сиёсати дурандешонаи Пешвои миллатро ҷонибдорӣ намуда, як қатор ҳуҷҷатҳои стратегиро дар ин самт қабул намуданд, аз ҷумла Созишномаи ҳамкориҳои давлатҳои аъзои ИДМ дар самти муборизаи зидди чиноятҳои муташаккили трансмиллӣ барои солҳои 2019-2021, ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои иттиллоотӣ ва ҷамъулҷамъ 18-санади муҳим қабул гардида, нақшаи чорбиниҳои омодагии ҷашни 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) тасдиқ гардид.
Бахусус сарони давлатҳои ИДМ ба ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эмин доштани вазъи экологии сайёра, Даҳсолаи амалиёт об барои рушди устувор (2018-2028), чорабиниҳои муштарки зидди ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, густариши робитаҳои қавии иқтисодии ИДМ, алалхусус муносибати дӯстонаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баҳои баланди сиёсӣ доданд, ки дар он Тоҷикистон мавқеи устувор дорад.
Ёдовар шудан лозим аст, ки ИДМ - ҳамчун Созмони байналмилалии собиқ давлатҳои пасошӯравӣ буда, бо назардошти манфиатҳои миллии онҳо бо қароргоҳи худ дар шаҳри Минск фаъолият мебарад.
Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун аъзои комилҳуқуқи СММ ва чандин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар ҳалли қазияҳои сиёсию ҳарбӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ, парламентӣ, экологӣ ва фарҳангию гуманитарӣ бо ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар фазои ИДМ мақоми арзандаеро ишғол менамояд, ки ин боиси ифтихори ҳар як фарди тоҷикистонӣ ва давлатҳои аъзоёни он мебошад.

Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия,
Асламов Бозоралӣ Сафаралиевич, омӯзгори Академияи ВКД, аълочии матбуот, полковники милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...