Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи падару модарон дар факултети №6 Академияи ВКД

464

Бо иқдоми сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ва роҳбарияти факултети №6 Академияи ВКД ҷаласаи падару модарон бо иштироки курсантон ва волидайни онҳо баргузор гардид. 

Дар кори ҷаласа сардори факултети №6 полковники милитсия Самиев Н.М., сардори шуъбаи кадрҳои Академияи ВКД подполковники милитсия Набизода М., муовини сардори факултети №6 подполковники милитсия Маҳмадализода Ш., полковники мустаъфӣ Шарипов Т. ширкат намуда, дар бораи раванди таълим, иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Оинномаи Академияи ВКД, манъи истифодаи телефонҳои мобилӣ дар раванди таълим, бо мошинҳои шахсӣ ҳозир нашудан ба таълимгоҳ, шомил нашудан ба гурӯҳҳои ифротӣ мулоқот намуда, ҳам ба волидайн ва ҳам ба курсантон дастур доданд.

465466

Дар рафти маҷлис як қатор қарорҳои дахлдор қабул гардиданд, аз ҷумла Шӯрои падару модарон таъсис дода шуд, ки раиси он волидайни курсанти курси 2-юми факултети №6 Абдуллоев Шуҳрат Сангалиевич интихоб гардид.
Боиси тазаккур аст, ки чунин ҷаласаи падару модарон дар дигар факултетҳои Академияи ВКД низ баргузор гардида, ба сифати таълиму тарбия таъсири мусбӣ мерасонанд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...