Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки кормандони милитсия дар Форуми байналмилалии «Пешгирии ифротгароӣ ва Воситаҳои ахбори омма»

462

Аз санаи 6-ум то 8-уми декабри соли 2018 ҳайати гурӯҳи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар Форуми байналмилалии «Пешгирии ифротгароӣ ва Воситаҳои ахбори омма», ки дар доираи лоиҳаи мусоидат ба таҳкими истиқлолият ва сулҳ дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар ҷараёни Форуми мазкур сардори кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Сафаров Ҳаётҷон Саидамирович дар мавзӯи «Хусусиятҳои хоси муқовимат бо экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд.

238239463

Дар доираи мавзӯи матраҳшуда оид ба масъалаҳои хатарҳои фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ-террористии дар минтақаи Осиёи Марказӣ амалкунанда, афкори ифротӣ ва сарчашмаҳои маблағгузории онҳо, нақши мазҳаби ҳанафӣ дар муқовимат ба идеологияи ифротӣ ва хусусиятҳои хоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус зоҳир гардид. 
Иштирокчиёни Форум аз ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон вобаста ба чораҳои профилактикии комплексии дар Тоҷикистон роҳандозишуда, махсус ба таҷрибаи амалии мақомоти корҳои дохилӣ мароқи хоса зоҳир намуданд. 
Дар Форум мавқеи роҳбарияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар самти муқовимат ба экстремизм дар сатҳи баланди касбӣ муаррифӣ карда шуд, ки иштирокчиёни он, пешсаф будани давлатиро моро дар ин самт бо камоли эҳтиром пазируфтанд. 
Дар Форуми мазкур ҳамчунин сардори сомонаи расмии ВКД подполковники милитсия Гул Маҳбуба, ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар вилояти Суғд подполковники милитсия Рустамзода Суҳроб Рустам ва нозири шуъбаи протоколии Раёсати ҳамкориҳои байналмилалии ВКД лейтенанти калони милитсия Салимов Иматҷон Самадович фаъолона ширкат намуда, доир ба мавзӯъҳои матраҳшуда фикру андешаҳои худро иброз доштанд.

240

Дар хотимаи Форум як қатор тавсияҳои муфид ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти Воситаҳои ахбори омма ҳангоми инъикоси экстремизм, махсусан дар шабакаи ҷаҳонии интернет пешниҳод гардид.
Гул Маҳбуба

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...