Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии муфид дар Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон

460

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати сиёсати давлатии ҷавонон, иҷрои қарори Мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ дар Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон вохӯрии муфиди роҳбарияти Академияи ВКД ва муовини сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД полковники милитсия Мирзозода А.Д. баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, н.и.ҳ., полковники милитсия Саидзода З.А. ва омӯзгори калони Академияи ВКД майори милитсия Самеҳов Б.С. доир ба масоили марбути пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ, ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, риояи сарулибоси мактабӣ баромад намуданд.
Донишҷӯёни Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон бо камоли мамнуният баромадҳоро гӯш намуда, барои худ хулосаҳои зарурӣ бароварда, дар охир барномаи рангини фарҳангӣ-фароғатӣ пешниҳод намуданд.

235236

Боиси тазаккур аст, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои муштараки ВКД ва Вазорати маорифи кишвар чунин вохӯриҳои муфид дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ, махсус ва олии кишвар мунтазам гузаронида шуда, натиҷаҳои самарабахш дода истоданд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...