Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хуқуқи инсон – арзиши муҳими ҷомеаи муосир аст

455

Ҳамасола ҷаҳони муосир 10 декабрро ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон ҷашн мегирад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ин рӯз ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон таҷлил мешавад. 

Ба ин муносибат санаи 7 декабри соли 2018, бахшида ба Рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар Академияи ВКД аввалин Конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон ва ҷаҳонишавӣ» баргузор гардид.

456

Дар кори конференсия Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, олимони соҳаи ҳуқуқшиносӣ, намояндагони ҳокимияти қонунгузор, ҳамчунин намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, профессорону омӯзгорон, инчунин, шунавандагон ва курсантони Академияи ВКД иштирок намуданд.
Дар конференсия муҳокимаи ҳолати муосири қонунгузорӣ дар самти ҳуқуқи инсон ва амалияи тадбиқи он, инчунин нақши Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ дар ҳимояи ҳуқуқи инсон, ҳолати муосири сиёсати давлативу ҷаҳонӣ дар самти ҳимоя ва таъмини ҳуқуқи инсон, механизми ҳимояи ҳуқуқи инсон, ҳимояи категорияи алоҳидаи ҳуқуқи инсон (ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, занон, кӯдакон, маъюбон, гурезагон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва ғ.), нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини ҳуқуқи инсон ва амсоли ин баррасӣ шудаанд.
Дар сухани ифтитоҳии худ муовини якуми сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Ҷ.Х. Кабирзода оид ба моҳияти ин санади муҳим, ки барои инсоният дар даврони имрӯза хеле муҳим арзёбӣ гардидааст ҳарф зад.
Қайд гардид, ки дар мазмун ва муҳтавои ин санади байналмилалӣ саҳми сазовори гузаштагони халқи тоҷик низ бараъло таҷассум ёфтааст. Ҳанӯз соли 539 пеш аз мелод Куруши Кабир дар Эъломияи худ дар бораи ҳуқуқ ба ҳаёти арзанда, озодӣ ва баробарии одамон, аз байн бурдани ғуломӣ ҳамчун таҳқир ба шаъну эътибори инсонӣ ва дигар ҷанбаҳои ҳуқуқи инсон таъкид карда буд, ки онҳо ҳамчун арзишҳои бунёдӣ дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон дарҷ гардиданд. Барои ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон, арзишҳо, принсипу меъёрҳои умумиэътирофшудаи байналмилалиро пос медорад.

457

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ализода Зариф дар суханрониаш чунин иброз намуд, ки Эъломия тавонист, ки сарфи назар аз сохти давлатдорӣ, мафкураву эътиқоди динӣ ва одату анъанаҳои халқҳои ҷаҳон дар худ ҳуқуқу озодиҳои асосии инсонро ғунҷонад. Cарфи назар аз ин хусусиятҳои номбаршуда, тамоми инсонҳо бояд аз ҳуқуқу озодиҳои инсонӣ бархурдор бошанд. Ба андешаи Ваколатдор, агарчи cанади мазкур хусусияти эъломиявӣ дошта бошад ҳам, дар тамоми ҷаҳон ва аз ҷониби кулли одамон ҳамчун санади муътабар қабул шудааст, ки он соҳои тӯлонӣ ба халқи ҷаҳон хизмат мекунад.

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...