Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Курсантони факултети №4 дар мусобиқаи варзишӣ дар намуди гӯштини тарзи «Самбо» ғолиб гардиданд

350

Дар партави ҷашнгирии 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи мақомот ва ҷузъу тамҳо ва сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ чорабиниҳои сиёсӣ-оммавӣ ва варзишӣ баргузор гардиданд. Зеро Истиқлолият ин неъмати бебаҳост, Истиқлолият - ин ширинтарин меваи талошҳо, беҳтарин тӯҳфаи деринтизор ва бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар тӯли таърихи ҳазорсола мебошад. Танҳо мустақилият ва соҳибихтиёрӣ метавонад беҳтарин арзишҳо ва дорои ҳар як миллату халқиятро ҳифз ва тараннумгари орзую омоли мардум бошад. Ҳамин дастовардҳои таърихӣ буд, ки имрӯз Тоҷикистон дар радифи дигар давлатҳо, дар баробари дигар кишавару мамлакатҳои мутараққӣ қадам зада, барои ҳалли масъалаву мушкилоти сокинони сайёра кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ҳамин дастовардҳо буд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон дар фазои орому осоишта кору фаъолият бурда истодаанд.

Дар Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд низ ҷиҳати дар сатҳи баланди ҷамъиятӣ – сиёсӣ таҷлил намудани «27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳамчунин тарғибу ташвиқи рушди варзиш ва тарзи ҳаёти солим, санаи 6-уми сентябри соли 2018 мусобиқаи варзишӣ дар намуди гӯштини тарзи «Самбо» байни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар вазнҳои 62 кг, 68 кг, 74 кг, 82 кг, 90 кг ва 100 кг, ташкил ва гузаронида шуд. Дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 90 нафар кормандони гуногунвазифаи шӯъбаҳо, ҷузъу том ва сохторҳои Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, иштирок ва қувваозмоӣ намуданд. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии варзишӣ доварони пуртаҷриба даъват шуда буданд.

351

Дар мусобиқаи мазкур 12 нафар курсантони факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд. Бояд қайд намуд, ки мусобиқаҳои нимфиналии гӯштини тарзи «Самбо» дар толори варзишии «Усто Пириён», воқеъ дар маҳаллаи 20-уми ш.Хуҷанд баргузор гардид. 7 нафар курсантони факултети № 4 дар муҳорибаҳо ғолиб гардида, барои иштирок намудан дар мусобиқаҳои финалӣ имконият пайдо намуданд.


Санаи 11-уми сентябри соли 2018 қувваозмоиҳои финалии мусобиқаи мазкур дар ҳудуди бинои Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар фазои тантанавӣ ва бо иштироки бевоситаи сардори Раёсат, генерал-майори милитсия Назарзода Қ.Б., ҳайати шахсии Раёсати мазкур ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, гузаронида шуд. Курсантони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят фаъол буда, ба чунин натиҷаҳо ноил гардиданд:

Курсанти курси 2-юм, милитсияи қаторӣ Сидиқов Пайрав дар вазни 82 кг, курсанти курси 3-юм милитсияи қаторӣ Абдолбахтов Самир дар вазни 57 кг ва курсанти курси 5-ум, милитсияи қаторӣ Давлатов Маснавӣ дар вазни 62 кг, сазовори ҷойи якум гардиданд. Курсанти курси 5-ум, милитсияи қаторӣ Булбулшоев Эроншо дар вазни 100 кг ва курсанти курси 2-юм, милитсияи қаторӣ Иноятов Ҳаким дар вазни 82 кг, сазовори ҷойи дуюм гардиданд. Инчунин курсантони курси 2-юм, милитсияҳои қаторӣ Рустамов Абдусалмон ва Саидмуротов Авазбек дар вазнҳои 68 кг ва 74 кг сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Қайд кардан зарур аст, ки аз тарафи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва садорати Академияи он барои рушди варзиш ва омодагии ҷисмонии курсантон чораҳои мушаххас андешида шуда истодааст. Ин ҳам бошад ворид намудани тағйирот дар нақшаи таълимии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба омӯзиши фанни тайёрии ҷисмонӣ дар Академия ва факултетҳои он. Агар аз рӯйи нақшаи таълимии пешина фақат курсҳои 1-ум ва 2-юм ба омӯзонидани машғулиятҳои тайёрии ҷисмонӣ фаро гирифта шуда бошанд, тибқи нақшаи нав ҳамаи курсҳо, яъне аз курси 1-ум то курси 5-ум курсантон ба омӯзиш ва машқу тамрин фаро гирифта мешаванд.
Бинобар ин аз тарафи роҳбарият ва устодони факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам барои тарғиби курсантон дар руҳияи баланди худогоҳии миллӣ, ривоҷу равнақ додани варзиш ва оммавӣ гардонидани варзиши сабук кӯшиш ба харҷ дода мешавад. Дар кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети №4 ба ғайр аз машғулиятҳои ҳатмӣ, маҳфил ва сексияҳои варзишӣ амал мекунад, ки ин ҳам вобаста ба омодагии ҷисмонии курсантон таъсири мусбии худро мерасонад.

352

Ба ғолибони мусобиқа дар фазои тантанавӣ аз тарафи сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Назарзода Қ.Б. бо Ҷом ва медалу Ифтихорномаҳо, қадрдонӣ карда шуданд.
Тавре, ки сардори Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, генерал-майори милитсия Назарзода Қ.Б. дар суханронии хотимавии худ қайд намуд, варзиш ин гарави саломатӣ буда, дар баробари ба инсон нерӯ бахшидан, инчунин заминаи мусоиде барои сарҷамъӣ, дӯстиву рафоқат, муҳайё месозад.
Курсантони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз суханҳои сардори Раёсат ва аз натиҷаҳои мусобиқа руҳу илҳоми тоза гирифта бар онанд, ки минбаъд низ дар чунин мусобиқаҳои пурнуфуз иштирок намоянд.
Муҳамадиев Н.Б., сардори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети № 4 Академияи ВКД ҶТ, полковники милитсия.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...