Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими хатми ботантанаи адъюнктони тоҷикистонӣ дар шаҳри Москва

347

10-уми сентябри соли ҷорӣ дар толори Шарафи Донишгоҳи ВКД Россия ба номи В.Я. Кикоти шаҳри Москва маросими хатми тантанавии адъюнктони факултети кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва илмии Донишгоҳи мазкур, ки аз курсҳои олии таълимӣ гузашта, аттестатсияи давлатиро ба муваффақият супоридаанд, баргузор гардид.

Дар маросими супоридани дипломҳо сардори Донишгоҳ, генерал-полковники политсия Игор Александрович Калиниченко, ҳамчунин, ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳ иштирок намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар маросими мазкур кормандони Академияи ВКД – омӯзгорони кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети № 2, капитани милитсия Валиев Наврӯз Дӯстмуродович ва капитани милитсия Исмонзода Сайфуддин Маҳмадкабир ҳамчун хатмкунандагони адъюнктураи Донишгоҳ иштирок намуданд.

348349

Сардори Донишгоҳ И.А.Калиниченко қайд намуд, ки ба даст овардани диплом оид ба хатм намудани адъюнктура – ин маънои хотима не, балки давомнокӣ ва оғоз намудани роҳ ба сӯи илм: ҷараёни мураккаб, самарабахш, вале ҷолиб ва шаъну шараф мебошад. Дар пеш хатмкунандагонро санҷиши муҳимтарин интизор аст: ҳимояи диссертатсияҳои номзадии илми ҳуқуқ. Сардори Донишгоҳ боварии комил баён намуд, ки хатмкунандагон аз ӯҳдаи вазифаҳои муқарраргардида ба хубӣ баромада, фаъолияти худро дар соҳаи илм ва таълим бо шаъну шараф идома хоҳанд дод.
Ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД хатмкунандагони худро табрик намуда, дар корҳои илмӣ-тадқиқотии минбаъдаи онҳо комёбиҳои беназир таманно дорад.

Шӯъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...