Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ-амалӣ оид ба рушди илми криминалистика

31

Дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар вилояти Суғд таҳти роҳбарии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло фаъолият мекунад, ба масъалаи таҳсили илми криминалистика дар байни курсантон таваҷҷӯҳи махсус зоҳир гардида, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, дастурамал, нақшаҳои таълимӣ ва барномаи фаннӣ ба роҳ монда шудааст.

Сегодня 16 марта 2018 года, Министр внутренних дел генерал-полковник милиции Рахимзода Рамазон Хамро встретился с Секретарём Совета национальной безопасности Республики Индии господином Раджиндером Кханной.

32

На встрече также принимали участие Чрезвычайный и Полномочный посол Республики Индии в Таджикистане господин Сомнатх Гош и другие официальные лица.
В ходе встречи стороны обсудили вопросы совместного сотрудничества в борьбе с преступностью, а такжеугроз и вызовов современного мира, обменялись мнениями по переподготовке и подготовке высококвалифицированных кадров на базе Академии МВД Республики Таджикистан.
Бо ташаббуси иҷрокунандаи вазифаи сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ, подполковники милитсия Ҳомидов З.К. ва дар асоси нақшаи корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва таълимӣ - методӣ барои соли 2018, санаи 15-уми марти соли 2018 дар толори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Таъсисёбӣ ва рушди илми криминалистика дар Тоҷикистон», ташкил ва гузаронида шуд.
Конференсияи илмӣ-амалиро сардори факултети №4, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён Пулод бо сухани ифтитоҳӣ кушод.

33

Сипас аз рӯйи Барномаи конференсия сардори шӯъбачаи ташхиси кимиёвии ШТК РВКД дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Саидзода Ф., дар мавзӯи «Маълумоти умумӣ дар бораи фаъолияти шӯъбаи татқиқоти криминалистӣ ва намуди ташхису тадқиқотҳое, ки дар шӯъба гузаронида мешавад», сардори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ полковники милитсия Муллобоев М. дар мавзӯи «Ҳамкории мақомоти тафтишот бо Шуъбаи ташхиси криминалистӣ», муаллими кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиаи ҷиноятӣ лейтенанти милитсия Хайруллозода Л.М. дар мавзӯи «Тактикаи нишон додан барои шинохтан» ва курсанти курси 4-уми сержанти хурди милитсия Тоҷиддинов Х. дар мавзӯи «Таърихи таъсисёбӣ ва рӯшди илми криминалистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуданд.
Инчунин сардори шӯъбачаи ташхиси кимёвии шуъбачаи ташхиси криминалистии РВКД дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Саидзода Ф. ба иштирокчиён дар бораи «Ҷомадони криминалистӣ» гузориш дода, оид ба истифодабарии он дар ҷои ҳодиса – яъне дар амалия маълумоти муфассал ба ҳозирин пешниҳод намуд.

Дар конференсия устодони кафедраҳои факултети №4 ва курсантони курси чорум фаъолона иштирок намуданд.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...