Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо курсантони Академияи ВКД дар вилояти Суғд

19

Имрӯз (01.03.с.2018), дар идомаи сафари хизматӣ ба вилояти Суғд Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ташриф оварда, бо ҳайати курсантони ин муассисаи олии таҳсилотӣ вохӯрӣ намуд.
Вазири корҳои дохилӣ ҳангоми машғулияти курсантони Академия бо онҳо ҳамсӯҳбат шуда, таваҷҷӯҳи онҳоро барои омӯхтани фанҳои муосири ҷаҳонӣ, забонҳои русию англисӣ ва аз худ намудани технологияи ҷадид равона сохт.
Зикр гардид, ки барои омӯзиши фанҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё гардида, он барои дар оянда ҳамчун мутахассиси варзида ва соҳибкасб шудан мусоидат хоҳад кард.
Ҷавобан ба ин, курсантони факултети №4 Академияи Вазорати корҳои дохилӣ изҳор доштанд, ки аз имкониятҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ самаранок истифода бурда, ҳамчун фарзанди содиқи Ватан ба халқу миллат хизмати софдилона хоҳанд кард.

20
Сипас, Вазири корҳои дохилӣ аз рафти корҳои созандагию бунёдкории баъзе аз қисмҳои факултети №4 Академия дидан карда, бо шароити муаҳайёгардида шиносоӣ пайдо намуд.
Рухшона Шукурова

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...