Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Академияи ВКД таҷрибаи собиқадоронро меомӯзанд

127

Дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҷиҳати ба корҳои тарбиявии насли ҷавони мақомот ҷалб намудани хизматчиёни собиқадори милитсия, имрӯз дар Академияи ВКД бо иштироки роҳбарияти ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва Созмони собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ҷамъомад баргузор гардид. Дар оғози ин чорабинӣ, ки ба истиқболи 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ аз давраҳои ташаккулёбии нерӯҳои мусаллаҳи кишвар ёдовар шуда, иброз намуд, ки Артиши миллии мо дар шароити хеле вазнин, ки ҳанӯз дар ҷумҳурӣ оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш нашуда буд, таъсис дода шуд.

128

- Бо ҷаҳду талошҳои шабонарӯзии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар он шабу рӯзҳо мавҷудияти нерӯҳои мусаллаҳи кишварро хеле хуб дарк менамуданд, асоси Артиши миллӣ заминагузорӣ карда шуд. Дар давраҳои минбаъда, марҳила ба марҳила Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол рушд карда, имрӯз онҳо ба як нерӯи тавоно ва сипари боэътимоди халқу давлат табдил ёфтаанд, - изҳор намуд Ф. Шарифзода.

129

Сардори Академияи ВКД дар идомаи суханронии худ афзуд, ки дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ Қӯшунҳои дохилӣ амал мекунанд, ки онҳо ҳамчун ҷузъи таркибии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар имрӯз бо беҳтарин шароити кору хизмат таъминанд. Боиси хушҳолист, ки дар заминаи Академияи милитсия барои ин ҷузъи муҳимми Вазорати корҳои дохилӣ ва Артиши миллии кишвар кадрҳои баландихтисос омода карда мешаванд. Имрӯз аз ҳисоби хатмкунандагони ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ даҳҳо нафар дар қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилии ВКД ва воҳидҳои низомии дигар мақомоту сохторҳои қудратии мамлакат хизмати худро идома дода истодаанд, иброз дошт ӯ.
Дар идомаи ин чорабинӣ, ки дар он омӯзгорону кормандон ва курсантону шунавандагони Академияи ВКД иштирок доштанд, раиси Созмони собиқадорони Вазорат генерал-майори мустаъфии милитсия Ҷурахонзода Саид Қаюм суханронӣ намуда, ба роҳбарияти ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои баргузор кардани чунин як чорабинии судманд арзи сипос намуд. Тавре мавсуф иброз намуд, бо дастгирии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, имрӯз барои фаъолияти Созмони собиқадорони мақомот ҳам дар марказ ва ҳам дар минтақаву вилоятҳои ҷумҳурӣ тамоми шароитҳо муҳайё буда, собиқадорони милитсия аз ғамхориҳои зиёд бархӯрдоранд.

130131

Ба андешаи С. Ҷурахонзода, фаъолияти Созмони собиқадорони ВКД серпаҳлӯ буда, яке аз самтҳои муҳимми он баргузории суҳбату вохӯриҳо бо ҳайати шахсии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, алалхусус бо хизматчиёни ҷавони милитсия мебошад. Ӯ дар тақвияти суханонаш афзуд, ки вохӯрии имрӯза бо курсантону шунавандагон ва кормандони ҷавони Академияи ВКД низ дар доираи ҳамин ташаббускориҳо гузаронида мешавад.
Раиси Созмони собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дар идомаи суханрониаш нақши собиқ хизматчиёни милитсияро дар тарбия, масъулиятшиносӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстонаи кормандони ҷавон муфид арзёбӣ намуда, аз он изҳори хушҳолӣ намуд, ки дар мулоқоту вохӯриҳо бо пирони рӯзгордида насли ҷавони мақомот фаъолнокӣ нишон медиҳанд. Аз таҷрибаи бой ва донишу малакаи солҳо андӯхтаи собиқадорони милитсия истифода намуда, кормандони ҷавон дар ин гуна ҷамъомадҳо бо саволу пешниҳодҳои ҷолиб баромад мекунанд.
Дар вохурии мазкур бо омӯзгорону курсантон ва шунавандагони Академияи ВКД, ҳамчунин собиқадорони милитсия Мурод Ғуломов, Қандил Ҳакимов ва Сайҳомид Маҳмудов низ иштирок дошта, дар бораи дастгириҳои ҳамаҷонибаи давлату Ҳукумат нисбати масъалаи илму донишандӯзии ҷавонон изҳори андеша карданд. Тавре онҳо дар муроҷиат ба курсантону кормандони ҷавон зикр намуданд: «Шумо насли хушбахтед, ки дар замони тинҷу осоишта кору зиндагӣ дошта, аз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти Ҳукумати кишвар ва Вазорати корҳои дохилӣ бархӯрдоред. Имрӯз дар ин маҷмааи мӯҳташами таълимӣ, ки аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтааст, тамоми шароитҳо барои кору таҳсили шумо муҳайё мебошанд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳои Роҳбари давлат ва Вазири корҳои дохилӣ, ҳар яки шумо бояд бо донишу маърифати баланд ва одобу рафтори намунавӣ таҳсил карда, солиёни зиёд ба халқу Ватани хеш содиқона хизмат намоед».
Гузашти низомии кормандону курсантони Академияи ВКД идомабахши ин чорабинӣ буд.
Дар анҷоми ҷамъомади мазкур аз тарафи роҳбарияти ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои меҳмонон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

У. ОЛИМ,
Ш. УБАЙДУЛЛОЕВ

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...