Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Робитаҳои байналмилалии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

01

Марҳилаи ҳозираи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо болоравии нақши маориф, ки ба ҳолати он таъсири калон расонида ва асоси пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатро муайян мекунад, маънидод карда мешавад. Беҳбудии ҷамъият, комёбиҳо ва натиҷаҳои инкишофи он қариб ба ҳамаи ҷабҳаҳо ва соҳаҳои фаъолият аз дараҷаи маълумотнокии аъзоёни он вобастагии калон дорад. Дар шароити наздикшавӣ ва мутобиқкунонии низоми маорифи миллӣ бо мақсади ташкил додани фазаи ягонаи умумибашарии маълумоти олӣ бидуни ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ, таъмин кардани рақобатнокии муассисаҳои ташкилоти олӣ имконнопазир аст. Маҳз, барои ҳамин, ҳамкории байналмилалӣ қисми ҷудонашавандаи фаъолияти Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчун воситаи муҳим дар таъминкунии сифати маълумоти он ба стандарти байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Инкишофи муносибатҳои шарикӣ бо донишкадаҳои пешқадами хориҷӣ ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ барои ҷорӣ намудани барномаҳои муосири таҳсилоти касбии олиро дар раванди таълим ба Академия имконият медиҳад. Барои Академияи мо инкишофи ҳамкорӣ бо донишкадаҳои қудратии давлатҳо, бешубҳа, яке аз самтҳои аввалиндараҷаи фаъолият маҳсуб ёфта, танҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ тайёр намудани кормандони баландихтисосе, ки аз уҳдаи ҳалли вазифаҳои мубориза бар зидди ҷинояткории на танҳо маҳдуд, балки дар миқёси байнидавлатӣ қобилиятдошта мумкин аст.
02Мақсаднокии асосии фаъолияти байналмилалии Академияи ВКД – ин баланд бардоштани сифати маълумот дар асоси ҳамкорӣ бо иттиҳоди академикии байналмилалӣ ба воситаи инкишофи барномаҳои таълимии муқоисашуда бо стандарти байналмилалӣ, истифодаи навоварии педагогӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалии илмӣ-таълимӣ мебошанд.
Бояд қайд кард, ки бо вуҷуди навтаъсис будани бахши робитаҳои байналмилалии Академия, аллакай 27 шартнома ва созишномаҳо дар соҳаи ҳамкории байналмилалӣ ба имзо расидааст. Алоқаҳои илмӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳои таълимӣ ва тадқиқотии хориҷӣ ба роҳ монда ва мустаҳкам карда шуданд. Олимон ва мутахассисони Академияи ВКД дар зиёда аз 500 чорабиниҳои дар сатҳи байналмилалӣ гузаронидашуда ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар хориҷи кишвар ширкат варзиданд.
Мустаҳкам намудани алоқаҳои тарафайн, пайдо намудани шаклҳои ғайрианъанавии ҳамкорӣ, васеъ намудани доираи ҳамкориҳо бо шарикони хориҷӣ, ҳаёти имрӯзаи байналмилалии Академияро муайян мекунанд. Барои ҳамин, Академияи ВКД дар оянда низ дӯстию ҳамкориро бо ташкилотҳои байналмилалӣ, ба монади Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо(САҲА) дар Тоҷикистон, Сафорати ШМА дар Тоҷикистон, Ассотсисатсияи ҳуқуқшиносони Амрико Барномаи Волоияти Қонун дар Тоҷикистон (АБА РОЛИ), Хазинаи Ҳаннс Зайдел (Олмон), Ташкилоти байналмилалӣ оид ба муҳоҷират (МОМ), Барномаи рушди Созмони Миллии Муттаҳид, Идораи рушди байналмилалӣ ва ҳамкории Шветсия (SIDA), Идораи комиссари олии Созмони Миллии Муттаҳид оид ба корҳои гурезагон, Бюрои муҳофизати ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният, Комитети байналмилалии Салиби Сурх ва ғайраҳо ба роҳ монда, бо мадади ин ташкилотҳо дар Академия чорабиниҳои таълимӣ ва дигар чорабиниҳои хусусияти байналмилалидошта иҷро шуда истодаанд.

03

Ба туфайли ҳамкориҳо бо ин ташкилотҳо Академия барои такмил додани потенсиали илмӣ-педагогӣ ва базаи моддӣ-техникӣ таҷҳизоти зарурӣ мегирад.
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишкадаҳои хориҷӣ, аз он ҷумла, Академияи идоракунии ВКД Россия (ш.Москва), Донишкадаи умумиросиягии такмили ихтисоси кормандони ВКД Россия (ш.Домодедово), Донишгоҳи ВКД Россия дар ш.Санкт-Петербург, Донишкадаи ВКД Украина дар ш.Донетск, Академияи ВКД Ҷумҳурии Кирғизистон (ш.Бешкек), Донишкадаи ВКД дар ш.Воронежбуда (Россия), Донишгоҳи давлатии ВКД дар ш.Лвовбуда (Украина), Донишгоҳи такмили ихтисоси кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Беларус, Академияи кумитаи тафтишотии Россия, Академияи ВКД Ҷумҳурии Беларус, Академияи ВКД Қазоқистон ба номи Шракбек Қобилбоев дар ш.Костонай, Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Қазоқистон дар ш.Актобе, Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш.Уфа, Донишкадаи Шарқӣ-Сибирии ВКД Россия дар ш.Иркутск, Донишгоҳи ВКД Россия дар ш.Краснодар, Донишкадаи ВКД Россия ба номи В.В.Лукянов дар ш.Орёл, Академияи «Ştefan cel Mare» ВКД Ҷумҳурии Молдова, Донишкадаи ВКД Россия дар ш.Ростови лаби Дон, Донишкадаи ВКД Россия ба номи И.Д.Путилин дар ш.Белгород, Академияи ВКД Ҷумҳурии Қазоқистон дар ш.Алма-ато, Донишкадаи Сибирии ВКД Россия дар ш.Красноярск, Донишкадаи ҳуқуқии Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Россия дар ш.Самара ҳамкорӣ мекунад.

0407

Муносибатҳо ва ҳамкориҳои байни муассисаҳои таҳсилотӣ ҷузъи ҷудонашавандаи системаи маориф буда, барои дар оянда пайдо гардидани потенсиали таълимӣ мусоидат намуда, барои коркарди самтҳои нави илмӣ-тадқиқотӣ имконият дода, якдигарфаҳмиро байни омӯзгорон ва олимони мамлакатҳои гуногун боз ҳам зиёд мекунад. Аҳамияти муҳим будани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва якҷоя кардан дар портали таҳсилоти ҷаҳонӣ моро ба дарк намудани роҳҳои нави ҳамкории мунтазам дар соҳаи маориф ҳавасманд мекунад.

0506

Аз ин сабаб, Академияи ВКД Тоҷикистон дар оянда низ инкишоф ва мустаҳкам гардонидани ин соҳаи фаъолиятро ба нақша мегирад.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...